Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ҳам ҷанбаи замонавии мусиқии эстрадиро равнақу ривоҷ бахшиданд. Танҳо зикри тантанаи ҳунари волои халқию миллии санъати мусиқию овозхонии тоҷик дар толорҳои ҷаҳонии Москваю Париж, дар соли 2005, кофӣ бошад, тасаввур намоем, ки чӣ гуна дар замони Истиқлолият ба ин навъи санъат эътибори барҷаста дода шудааст.

Эълони рӯзу ҳафтаи шашмақомхонӣ дар тамоми мамлакат, эълони соли мусиқаи эстрадӣ, ташкили дастаҳо ва гурӯҳҳои нави ҳунарӣ — ин ҳама нишони ғамхориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сарвари Тоҷикистон ба санъати миллии мусиқӣ бошад. Дар ин радиф, дар вилояти овозадори Суғд низ корҳои амалии кирои ба сомон расонида шудаанд, ки ҳамчун идомаи ибтикороти роҳбари давлат метавон маънидод намуд. Ташкили Театри тамошобини ҷавон, Театри ҳаҷвии «Хандакамон», факултаи махсуси санъат, ки дар он устодони нобиға Боймуҳаммад Ниёзов ва Ҷӯрабек Муродов сабақ меомӯзонанд, созмон додани ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», дастаи ҳунарии «Чаманоро», гурӯҳи эстрадии созию овозии «Садои Суғд» ва ғайра корҳои амалие дар пиёда кардани сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷодаи санъату ҳунар ва таҳқими он дар вилояту маҳалҳои он мебошад.

Бо итминони комил метавон тазаккур дод, ки дар Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 2700-солагии Кӯлоби бостон китоби мазкур («Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд» ва ё «Навогарони як диёр») барои аҳли фарҳанг ва хонандаи фарҳангпарвари тоҷик ҳадяи идонаест, то онон бо идроку фаҳмиши навин ба симоҳои барҷаста ва шоистаи ҳунару санъати халқ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд ва аз ҳаёту фаъолияти ибратбахши намояндагони баркамолу номвар сабақ омӯзанд. Бо чунин орзуҳо китоби мазкурро муаррифӣ карда, умедворем, ки саҳнаи ҳунар дар ҳамаи давру замонҳо истеъдодҳои нодирро мепарварад ва бошад, ки навогарон, овозхонҳо, ҳофизон ва мусиқидонҳои ҷавони дигар ба арсаи баланд қадам гузоранд ва боғи шукуфои санъати моро пурборғар гардонанд.

Қосимҷон ҚОСИМОВ,
раиси вилояти Суғд.

пешина
аз 194
навбатӣ