Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
БО АСОИ ПИР
ВА
ЗЕБОПАРӢ
Мо аз пайи кори дигар ба Исфаразамин омада будем, вале тасодуф як асои қадима ба дастамон бирасид. Ин асо оҳанӣ буд, кунҷҳояш барои зеб ҷо-ҷо, ба шакли секунҷа ва аҷиб нақшбандӣ шуда, дастаи чӯбии он куббашакл метофт. Ва ин асои дарозу вазнин бо забони ҳол мегуфт, ки ба шахси баландқомати таҳимтан муттааллиқ будааст.
Ва аз чӣ бошад, ин асо, амсоли асои сеҳрнок моро шефтаву бастаи худ гардонид ва амсоли асои ҳазрати Мусо барои пеш рафтан моро ҳидоят намуд, балки ҷониби гузаштаҳои дур бурдан хост. Зеро асое буд мутааллиқи гузаштаву рӯйдоди замони собиқа ва саргузашти одамони пешинаи дунёи гардон.
Ва мо ба ин асо такя намуда, ба ҳавлии бархе аз мардумони Исфара ворид гардидем ва аз пайи пурсуҷӯ ва аниқ кардани баъзе чизҳо ва ҷузъҳои илова шудем.
Одамони миёнсол ва ҳатто онҳое, ки синнашон қариб ба шаст расида дар бораи ин асо ва соҳиби он чизе намедонистанд.
Фақат мӯйсафедони синнашон аз ҳаштод то сад даккахӯрда асоро мешинохтанд ва соҳиби варо ёд оварданӣ мешуданд. Умуман мӯйсафедони синнашон то наваду сад ва аз он ҳам зиёд дар Исфаразамин нисбат ба дигар маҳаллаҳои Осиёи Миёна зиёд ба чашм мерасанд, зеро обу ҳавои хосаву мӯъҷизабори ин ҷо боиси дарозии умри онон гардида тавонистааст.
...Ана Ибни Ямини қариб садсола асои дасти моро ба даст мегираду рухсори пурожангаш аз нур оганда мегардад. Ва маълум мешавад, ин асоро вай борҳо дар дасти соҳиби аслиаш дидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё