Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Дар ҳамаи давраҳои тараққиёт ва инкишофи санъату ҳунари асрҳои миёна ромишгарӣ, ҳофизӣ, овозхонӣ ва мусиқидонӣ аз дастовардҳои муҳими мардуми оддӣ маҳсуб мешуданд ва одамони авомро ба меҳнату ҳунар дилгарм мекарданд. Даврони нави таҳаввул ва инкишофи санъати мусиқии тоҷик ин даврони шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ибтидои асри бист, ки баробари қарни тамаддуни техникӣ будан, асри таҳаввули умумиҷаҳонии мусиқӣ низ маҳсуб мешавад ва дар ҳавзаҳои мутамаддини ҳунарии Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Панҷакент, Кӯлобу Ҳисор ва Исфараю Фарғона даҳҳо нафар соҳибназарон ва ҳунарварони мумтоз буданд, ки ҳаёту эҷодиёти онҳо ба қиссаю ривоятҳои халқӣ табдил ёфтаанд. Домулло Ҳалим ва Левӣ Бобохон, Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхони Ҳофиз, Зебо Парию Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носиру даҳҳо нафари дигар анъанаҳои миллии сарояндагӣ ва шашмақомхониро идома дода, ҳар яке мактаби хоси ҳунари худро асос гузоштанд, ки то ҳанӯз ин мактабҳо шогирдони худро доранд.
Агар гӯем, ки ҳар маҳалли ватани тоҷикон сабку услуби хосаи навогарию овозхониро дорост, хато намекунем. Ин аз гуногуноҳангию гуногунрангии ҳунари волои халқи мо гувоҳӣ медиҳад ва боз далел ба он бошад, ки тафаккури эҷодгарии халқи тоҷик ҳадду ҳудуд надорад ва бовусъату паҳно бошад. Сабку услуби хосаи ҳунарварони шаҳру навоҳии Исфараро дар ин китоби «Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд» (ва ё «Навогарони як диёр») муаллифонаш хуб ба қалам доданд, ки ҳоҷати шарҳу баён нест.
Қобили зикр аст, ки дар замони Давлати Шӯравӣ Шоҳназар Соҳибов, Мақсудҷони Танбӯрии Хуҷандӣ, Акашариф Ҷӯраев, Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Тӯҳфа Фозилова, Ҳанифа Мавлонова ва даҳҳо нафар устодони санъати тоҷик шӯҳрати ҳунари овозхонию мусиқии миллиро ба арсаи ҷаҳон шӯҳратёр гардонида буданд.
Даврони Истиқлолияти томи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи мусиқаи тоҷик гардида тавонист. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Э. Ш. Раҳмонов — роҳбари ботадбиру навҷӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол санъати мусиқиро рукни муҳими сиёсати давлат ва давлатдории навини тоҷикон эълон дошта, бо иқдоми пайдарпай ва ғамхориҳои рӯзафзун ҷанбаи миллию анъанавии мусиқии миллии «Шашмақом»-у «Фалак»-сарой ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё