Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

-Ту дигарӣ! Тамоман дигар...

Яъне гуфтан мехост, ки ба зани пешинаи ин хонадон монандӣ надорӣ ту.

-Ту дигар!...

Умар Ҳофиз ҳатто беихтиёр бонуро, ки баъди ба хонадонаш оварда монда рафтани хешовандонаш боре ҳам набусида буд, бӯса кард. Ва ҳатто ҷисми варо оҳиста ҷониби ҷисми худаш кашид. Ҷавонзан мутеъкорона зери тани соҳиби худаш, яъне зери тани Умар Ҳофиз танашро ёзонд. Танашро ёзонд болои курпачаи маҳмалӣ, ки онро ҳам баъди ин ҷо омадан худаш дӯхта ва ба тартиб оварда буд.

...Баъди ҳама саргузашти пурпечи оиладории аввала ин васл нотакрор, фасонабор, балки мӯъҷизадор метофт барои корвонбошӣ...

пешина
аз 194
навбатӣ