Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ХУШКСОЛӢ
ВА Ё
УМАР ҲОФИЗУ ТӮЙЧИХОН

Як сол, дар Исфара, ки дарахтон гул карда буданд, нобаҳангом сардӣ фаромаду барф рехт. Гулҳо давча ва ғӯра нашуда, ҳамагӣ рехтанд.

Баъд гармои мислаш диданашуда оғоз гардид, ки хушксолӣ ном дошт.

Дар Исфара, ки мева нашуд, савдогарон ва тоҷирон наомаданд. Борҳои тасодуфӣ низ қариб пайдо намешуданд. Ин маънӣ дошт, ки корвони аробаҳо аксари вақт бекор мондаанд. Аробакашҳо маҷбур шуданд барои дарёфти як бурда нон ва таъмини рӯзгор паи касбу кори гуногун бираванд. Аммо аз пешаи навашон ҳам, дар чунин айёми қаҳтӣ, чизи кироя ба даст намеомад, ки ба рӯзгори онҳо нӯг ба нӯг расида бошад.

Умар Ҳофиз кайҳо дар андешае мепечид, ки чӣ тавр аробакашҳои корвони худро наҷот дода тавонад, яъне чӣ роҳ дарёбад, ки ризқу рӯзӣ барои онҳо пайдо гардад?

Ниҳоят қисмате аз онҳоро ва аробаи онҳоро ҳамроҳ гирифта, ҷониби маҳалҳои дигари Осиёи Миёна, ки он ҷоҳо, то ҳадди Исфара, хушксолӣ нашуда буд, равона гардид.

Корвони аробаҳо маҳал ба маҳал, деҳ ба деҳ, шаҳр ба шаҳр мегашт ва кирокашӣ мекард, аробакашҳо бо ин васила ризқу рӯзӣ ба даст оварданӣ мешуданд.

Ниҳоят корвон ба Тошканд ҳам ворид гардид.

Ин ҷо аробакашҳо аз паи ризқу рӯзӣ рӯзҳо овора гардида, шабҳоро дар корвонсаро ба рӯз мерасонданд.

Ва як саҳарӣ аробакашҳо нав бархоста, аспҳоро ба ароба мебастанд ва Умар Ҳофиз, аз рӯи одат, барои таскини дили худу шарикон зери лаб кадом тарона замзама мекард, ки ҷавоне аз дарвозаи корвонсаро ворид гардид. Аз ҳаракат ва нигоҳаш

пешина
аз 194
навбатӣ