Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
беист месароид, шояд аз овоз мемонд Умар Ҳофиз ва худашро базӯр ба хона мерасонд. Охир дар сурудхонӣ он қадар қувват ва мадор сарф мешавад, ки дар кори дигар ва ҳатто аробакашӣ сарф нашавад. Аммо ҳастии Умар Ҳофиз ҳоло моломоли эҳсоси гуворое буд. Охир вай тавонист бо қудрати таронаву суруд бори рӯзгори бечораи дигарро сабук карда бошад, дили нафари дигарро ба зиндагии минбаъда гарм сохта тавонад ва ӯро аз қарздорӣ, аз печишу мушкилаи зиндагӣ муддате раҳо бахшида бошад...
Дар фардоҳои нурбораи рӯзи навин нафасӣ чуқур кашида, сари синаашро аз ҳавои беғубор пуропур намуда, ҷониби хонааш ҳамерафт Умар Ҳофиз.
Дар куҷои паси боғистонҳои машҳури Исфара ва хоса зардуолузорҳои фасонапечи вай рӯде, ки аз кӯҳҳо меомаду ҷониби водӣҳо мерафт, шилдиррос мезад ва ин рӯд таронаи мудому ҳазорсолаи хешро такрор мекард ва аз ин ҳаргиз хаста намегашт...
Аммо дар хонаи Умар Ҳофиз... шояд зани наваш шӯру магал хезонад, ки «овозхонӣ рафтиву боз баргаштӣ дасти тиҳӣ, ҳол он ки ҳофизони дигар нисфи ту нестанд, вале аз пайи касби овозхонӣ рӯзгори дакадангу обод ва ҳавливу рӯзгори серу фаровон доранд. Аммо ту... Беҳуда зани аввалаат нарафта буд аз ту...»
Умар Ҳофиз ғарқи чунин андешаву гумонҳо ба дарвозаҳои ҳавлии худаш ворид гардиду чашмаш биафтид ҳамоно ба зани наваш. Дар ҷое, ки дирӯз бегоҳ ба вай тоқии ҷойравӣ дода буд, ҳанӯз истода буд ин занак. Магар, дар ҳақиқат, соатҳои зиёд ин ҷо монда ва ин ҷо шах шудааст занак. Шах шуда ин ҷо, ки Умар Ҳофиз баргардад, ба ӯ «ҳуҷум» оварад ва ғурбату шӯр хезонад, ки «тамоми шаб овози ту аз тӯйхона ба гӯши ман мерасид, акнун бошад шояд пулат ҳам расад ба ман. Охир кадом ҳофиз аст, ки бе манфиати худаш сарояд, хоса сарояд бе подоши маблағе дар маъракаву тӯй...» Бале шояд чунин мегӯяд занак.
Ва дар ҳақиқат лаб ба сухан баркушода буд занак:
- Дар ҳавои овози шумо, зери нурҳои чароғ, шаби дароз, ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё