Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
омада буд, чашм намеканд ва кадом чиз гуфтан мехост барои вай, аммо наметавонист. Ва ниҳоят Умар Ҳофиз соҳибтӯйро, ки лабонаш меҷунбиду ҳанӯз ҳарфе ифода карда наметавонист, ба оғӯш кашида, дар ин ҳолат ба миёни вай футта барбаст. Футтаи пулро ба миёни вай барбаста буду пасон чунин пичиррос зад:
- Ин тӯёнаи ман, барои ту!...
«Эҳ, аз овози Умар Ҳофиз, ки ҳавлию дари варо соатҳои зиёд пурмалоҳату ҷонбахшо карда буд, магар тӯёнаи болотар буда метавонад?! Пас ин пул ҳақи ҳалоли худи Умар Ҳофиз аст, ки ба ивази заҳмат ва ҳунару маҳорат ба вай бахшидаанд мардумони шайдои тарона ва шайдои истеъдоди вай.
- Ин тӯёнаи ман барои ту, - такрор намуд Умар Ҳофиз барои соҳибтӯй: - Аз нӯғи ин қарзатро баркан, боқимондаашро ба рӯзгорат ҳарҷ намо. Охир ту ҳам ҳуқуқ дорӣ барои рӯзгори беҳтар...
Марди фақир якбора назди пои Умар Ҳофиз сари зону зад, ҳатто канда-канда гиря кард. Миёни гиряҳош мехост гӯяд, ки: «сурудаҳот басанда буд ҳофиз ва пули футтаат лозим не, инҳоро бубар хонаат, барои зани нават. Бубар барои вай, ки инаш ҳам наравад аз ту, ҳофизи азизи мо?!...»
Чунин мехост бигӯяд марди камбағал, дар ҳоле, ки ашк рухсорашро тар мекарду гулӯяшро гиряҳо мегирифт ва чизе ҳам гуфта наметавонист.
Умар Ҳофиз оҳиста ҳам гардид, марди фақирро хезонид, сипас бо кафи дасти азими худ ба сутуни айвон зад:
- Ба ин сутун нигар ту. Боми вазнинро ба сар бардоштааст, аммо миёнаш ҳам намешавад, ҳол он, ки як тан чӯб аст, дигар чизе не... - Умар Ҳофиз боз афзуда буд. - Одамӣ бошад гавҳари қобил асту аққалан аз ин чӯб зӯртар ва бадошт буданаш лозим...
Баъд аз ҳавлии марди фақир берун гардида буд Умар Ҳофиз. Албатта дасти тиҳӣ баромада буд, ки футтаро бо пулаш дар миёни соҳибтӯй монда омада буд.
Боз чизи дигар ҳам буд: агар дар тӯи дигар ин қадар бедаму

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё