Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Умар Ҳофиз, бо ин сароиш ва бозии овозҳо губори дар дилаш қабат ба қабат хобидаро баровардан ва губорҳои қабат ба қабатшудаи қалби мардумро ҳамчунин барқандану барҳам задан хоста буд:
Бардамад субҳи висол аз матлаи ҷон, ғам махӯр,
В-ин шаби ҳиҷрон расад рӯзе ба поён, ғам махӯр.
Ниҳоят, даме, ки субҳ пурра ғалаба карда, рӯзи дигари зиндагӣ пӯйи худро ба рӯйи дунё бинҳода буд, Умар Ҳофиз таганнии худро поён бурд ва боз як пиёла чойи хунукшударо бардошта, ҳулт кашида, дигар сурудхониро идома надод ва ҳама донистанд, бази беҳамто ва тӯлонии мӯъҷизасо ба охир расидааст. Ва мардуми бархоста бо андешаҳои рангин ва умедбахшо, ки зери асари овозхонии Умар Ҳофиз рӯида буд, ҷониби ҳавлию хонаҳои худашон, ё аз пайи кору бори рӯзи навбатии зиндагиашон парешон гардиданд.
Аммо Умар Ҳофиз ҳамоно дар гӯшаи бом менишаст ва ба кадом андешаи худ ғӯттавар буд. Ва аз миён боз вақт мегузашт, муқаддам аз он, ки Умар Ҳофиз бархоста бошад ва майли аз бом фаромадан карда бошад. Дар шафати вай, яъне ҷое, ки нишаста буд, пулҳои зиёд ҷамъ омада буд. Шумори онҳоро Умар Ҳофиз намедонист. Ва ба пулҳои ҷамъшуда ва пасон ба соҳибтӯй, ки дар ҳавлии кӯчакаш ҳанӯз ҳайратзадаву пурсукут меистод, нигарист ва ниҳоят футтаро аз миёнаш кушода, пулҳоро гирифт ва ба он андохт, боз ба соҳибтӯй нигаристу аз бом поён омад.
Соҳибтӯй ҳоло ба айвончаи кӯчак омада буд ва аз Умар Ҳофиз чашм намеканд ва намедонист эҳсоси беҳади вуҷудашро дар кадом ҳарф гунҷоиш дода ва ифода карда тавонад барои ҳофизи беҳамто ва барои хизматҳои беамсоли вай. Зеро ба хаёлаш ҷамъи суханҳои дунё ҳоло қудрат ва шаҳомат надоштанд, ки шукргузорӣ ва сипосгузории беинтиҳои дили варо ифода карда тавонанд. Охир як тӯяки фақирона ва назарногиронаи варо Умар Ҳофиз бо ҳунари беҳамтояш ба тӯйи тамоми Исфара ва шодиву фарогати мардуми зиёд бадал дода тавониста буд.
Умар Ҳофиз аз ин соҳибтӯй, ки аз эҳсоси беҳад ҳатто ба ларза

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё