Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъзе аз миёни издиҳом роҳ кушода, худро болои бом гирифта, назди Умар Ҳофиз пул гузошта, қафо мерафтанд. Ва Умар Ҳофиз, ки чашмонашро пӯшида, ғарқи таронаву таранум буд, пешаш ҷамъ омадани маблағро намедид. Ва даме, ки дид, як овозаш паст рафт ва гӯё ҳамин лаҳза ба тарранум хотима бахшиданӣ буд, вале аз чӣ бошад кадом чизи дигар гӯё ба хотираш расиду аз нав ба авҷи суруд баромад...

Ва ҷойи гармои рӯзонаро салкинии ҳаловатбахши бегоҳ ва шом оҳиста мегирифт. Сипас тирагии шаб мутассил ба ҳукмронӣ мегузашт. Одамоне, ки дар бому бомгӯшаи тӯйхона ва ҳавлиҳои ба ҳам наздики он нишаста буданд, мутассил ба як чизи яклухт бадал меёфтанд. Сияҳчароғи ягонаи айвони соҳибтӯй ва чанд машъала, ки ҳар ҷо, дар нуги хода афрӯхта буданд, қудрат надошт, сару рӯи ҳамагонро рӯшноӣ бахшида тавонад. Умуман, мардум кайҳо худро ва атрофро фаромӯш карда буданд. Зеро суруда ва таганнии Умар Ҳофиз онҳоро, ба кадом ҷойҳои дуру баланду фасонавӣ ва ба андешаҳои амиқи амиқ кашида, бурда буданд:
Эй, шамъ масӯз, шаб дароз аст ҳанӯз,
В-эй субҳ мадам, ки вақти ноз аст ҳанӯз.
Парвин, ту бирав, ба ҷойи худ сокин бош,
К-ин қиссаи ошиқӣ дароз аст, ҳанӯз.
дароз аст, ҳанӯз...

Шаби дароз базми овозхонӣ буд ва дар танаффусҳои кӯтоҳи он Умар Ҳофиз як пиёла чойи пешаш кайҳо сардшударо ғулт мекашиду боз идома ҳамедод:
Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод,
К-ин ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод...
ҷуз фасонаву бод...

Соат аз сеи шаб гузашта буд, балки дар Машриқзамин ин ҳангоми тобистон субҳ ба дамидан оғоз мекард; шаби тобистони ҷануб аз панҷ-шаш соат зиёд набуд.
Бардамад субҳи висол аз матлаи ҷон, ғам махӯр,
В-ин шаби ҳиҷрон расад рӯзе ба поён, ғам махӯр.
Гарчӣ манзил бас хатарнок асту мақсуд нопадид,
Ҳеҷ роҳе нест, ки онро нест поён, ғам махӯр!

пешина
аз 194
навбатӣ