Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале ба тарона пардохтани Умар Ҳофиз соҳибтӯйро саросема намуд: охир корвонбошӣ дар тӯй ҳофизӣ кунад, маъное дорад, ки на вобаста ба камбағал будан, аз рӯи таомул, пеши овозхон, ҳеҷ не як сару по, яъне ҷомаву тоқии оҳар ва кафш мондани тӯйдор зарур аст. Аммо соҳибтӯй сару пойи зиёдатӣ надорад ва ҳаргиз надошт. Аз ин боис телба шуда, даст пеши бар гирифта, болои бом баромада буд соҳибтӯй.

  • Корвонбошӣ, илтимос, мана шарманда накунед, ман чизи пеши шумо мемондагӣ надорам ба ивази хизмати Шумо... - ба забон оварда буд чунин ошкор соҳибтӯй. Зеро мехост корвонбошӣ на суруд хонад ва на ҳақ талаб кунад.

  • Ман аз ту пулу маблағ талаб кардам ҳоло? - табассум дамид гирди лабони Умар Ҳофиз, ки то ҳанӯз бо овози паст замзама мекард. - Ҳатто як тини сиёҳу пучак талаб накардаам аз ту!

Ин маъное дошт, ки «ба сурудхонии ман халал нарасон, ту!»

Овози Умар Ҳофиз бештар қувват гирифта, аз сари бому ҳавлию боғҳои мардум болу пар мекушод. Ҷозибаи овоз одамонро дар кӯчаҳои дуру наздик бозмедошт, онҳо кору бори муҳим ва ташвиши зиндагиро чанде фаромӯш намуда, истода, гӯш фаро медоданд ва баъзеи онҳо тарафи овоз беихтиёр қадам мениҳоданд, яъне ҷониби тӯйхона меомаданд. Овози Умар Ҳофиз ҳатто одамонро аз хонаву дарашон берун кашида, ин ҷониб меовард. Дере нагузашта тӯйхона лиммолим одам гардид. Онҳое, ки баъдтар меомаданд, дар ҳавлию боми ҳамсояҳо ҷой мегирифтанд, зеро дар тӯйхонаи кӯчак дигар ҷойи нишаст намонда буд.

Соҳибтӯй бошад намедонист ин қадар одамро чӣ хел нону ош диҳад, яъне ҳурмати одамоне, ки овозхабар шуда, ҷониби ҳавлии вай омадаанд, чӣ хел ба ҷо оварад?

Аммо одамони овозхабар дар бораи ошу нон ва хӯрдани андеша надоштанд ва ба онҳо шунидани овози Умар Ҳофиз кифоя мекард. Балки онҳо аз ин овоз сер шудан мехостанд ҳолиё.

Умар Ҳофиз ҳам ягон бор ин қадар бисёр ва ин қадар дилошӯб тараннум карда буд дар ягон тӯйхонаи Исфаразамин. Ва дар ягон тӯйхона ин қадар одам гирди ҳам наомада буд, ки ҳоло омада.

пешина
аз 194
навбатӣ