Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Корвони аробаҳо ниҳоят ворид гардида буданд бар Исфаразамин.
Умар Ҳофиз ба ҳавлиаш расида, аспашро аз ароба ҷудо карда, ба тавила андохт.
Зани дуюмаш, ки бохабар шуда, аз хона баромада буд, ба корвонбошӣ ва кору бори вай аз зери чашм синча мекард. «Шояд ҳозир ин занак ҳам пурсад, ки чӣ овардӣ барои хонадон ва ғурбат хезонад шояд инаш ҳам ба мисли зани собиқа...»
Умар Ҳофиз, ки ғарқи чунин андешаҳо буд, ба чашмони зани нави хонадон, ки хешовандонаш барои вай чанде пеш хостгорӣ карда, оварда буданд, нигоҳ наафканд, вале бароиш чунин гуфт:
— Тоқии ҷойравиамро ёфта меовардӣ.
Занак, аз чӣ бошад, ҳарфе назад, хона даромад, бозпас тоқии нав овард, вале бо нигоҳаш пурсидан мехост, ки куҷо равон аст шавҳараш, ки навакак баргашта буд ба хонадон?
Аммо Умар Ҳофиз ҳарфе назад, тоқии ҷойравакашро ба сар монд, аз дарвоза берун гардид.
Тарафи кулбаи марди фақир қадам мениҳод; тарафи хонаи марде, ки аз рӯи гуфти яке аз аробакашҳо тӯй дошт ин бегоҳ...
Дар маъракаи марди бечора, албатта, одам тамоман кам ба назар мерасид.
Умар Ҳофиз қатори ду-се камбағал, болои боми мусаттаҳ, ки аз боиси тангии ҷой ин ҷо низ дастурхон паҳм карда буданд, бинишаст ва чанд бор сӯи табақ даст бурд, каме ош тановул кард, як пиёла чой ҳулт кашид. Пасон пойҳои кулангии дарозашро аз танаи девораи боми мусаттаҳ овезон намуд ва тоқии калони чоргулашро ба даст гирифт. Шояд бо алвонҷи ин тоқӣ сару гардани арақшори худашро шамол дода, салқин карданӣ буд. Аммо лабонашро ба тоқӣ наздик оварда, як вақт оҳиста-оҳиста ба замзама шурӯъ намуд. Аслан дар паҳлӯи Умар Ҳофиз навозандаю созанда набуданд, вай табақча ба даст гирифта, ба бари рӯ наздик оварда, ба тағаннӣ мепардохт. Вале ин камбағали тӯйдор рӯи дастурхонаш, ҳатто, табақча надошт ва Умар Ҳофиз аз ин боис тоқии аз сар гирифтаи худро бари рӯяш наздик овард, ба сурудхонӣ шурӯъ намуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё