Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Зани аввали Умар Ҳофиз низ муносибати худашро бо шавҳараш вобаста ба масъалаи маблағ вайрон карда буд. Зеро Умар Ҳофиз ёфтаву тофтаашро, ба аробакашҳо ва хонаводаи ба мӯҳтоҷӣ гирифторшудаи баъзеи онҳо тақсим карда медод; ин ба занаш намефорид. «Мардон ҳар ёфтаву тофтаи худро ба хонадони худ мекашонанд, барои ҳамсари худашон мебахшанд. Аммо ман ягона зане ҳастам, инро надидаам. Зеро таъми даромади аробакашиву ҳофизии Умар Ҳофизро дигарон мебинанд, дигарон мечашанд! Ба ин аҳвол ягон зани дигар тоб оварда ва ягон зани дигар дар хонадони ин хел шавҳар монда наметавонад!...» — таъкид мекард он занак.

Дар ҳақиқат, он занак, рафта буд аз ҳавлии Умар Ҳофиз ва баромада буд аз баҳри корвонбошӣ. Ва рӯзгори Умар Ҳофизии Корвонбошӣ акнун вайрон гардида буд...

Аммо худи Умар Ҳофиз ба қавли мардум «вайрон нагашт». Яъне ҳанӯз ёфтаву тофтаашро тақсим карда медод ба аробакашҳо ва ҳоҷатмандони дигар.

«Нодон ҳамин қадар мешудагист-да: барои дигарон ранҷу азоб мекашаду барои худаш ва хонадони худаш чизе намерасад!» — овоза паҳн мекард зани рафта дар бораи Умар Ҳофиз.

Ва зани рафта, ҳатто бонуи дигарро, ки хешовандони Умар Ҳофиз хостгорӣ карда, ба хонаи вай, барои вай оварда буданд, аз роҳ заданӣ ва зинхор доданӣ мешуд, ки аз Умар Ҳофиз ҷудо ва дур гардад, зеро «рӯз намебинад бо ин мардак зане ва шикамаш ҳаргиз сер намешавад ва танаш ҳаргиз пӯшида намегардад бо ин барбодгари чизҳо!...»

Қисса кӯтоҳ идома дошт чунин тобхӯриву гиреҳбандии зани рафта — зани аввали Умар Ҳофиз.

Корвонбошӣ инро ёд оварда, аз сурудхонӣ монда буд ва сукут меварзид. Сукут меварзид болои аспе, ки аз думбол аробаи дучарҳаи азимеро кашида меовард.

Ва аз думболи аробаи корвонбошӣ ва аробаҳои дигар чанги маҳин бархоста, дар канораҳои дашти азамати кӯҳдомани азим печиш мехӯрданд.

пешина
аз 194
навбатӣ