Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
НАВОГАРӢ
ДАР ТУИ БЕНАВОЕ
Умар Ҳофиз хусусан барои ҳампешагон — аробакашҳо тараннум карданро хуш дошт. Ҳангоме, ки корвони аробаҳо ҷониби Канибодом, яъне ҷониби стансияи роҳи оҳан мерафт ва ё аз он ҷониб ба самти Исфара бармегашт, рӯи дашти паҳнои миёни кӯҳпора, ки Хоҷаи Хизр гӯё, ин ҷо, бо Умар Ҳофиз вохӯрда будааст, овози гулгуладори вай болу пар мекушод, парвози пуркудрати нав мегирифт. Он садои тарақотуруқи чархи аробаҳо, садои суми аспҳо ва дигар овозҳоро пахш намуда, занги дили аробакашҳоро зудуда, шуста, мондагиву хастагии онҳоро мебаровард...
Боре, ки корвон аз Канибодом ҷониби Исфара бармегашт, яке аз аробакашҳо аробаашро аз дигарон гузаронда, пеш рафтан хост, ҳарчанд овози Умар Ҳофиз танинандоз буду аробакашҳо, дар ин ҳолат, аз он дур шудан намехостанд. Вале яке аз аробакашҳо, аз чӣ бошад, саросема аз дигарон пеш гузашта, рафтани мешуд. Ва нигоҳи саволомези ҳампешагонро эҳсос намуда, шарҳ дод, ки: «имрӯз як камбагали ошноям маъракаи хайр дорад, дар он хизмат кардани ман шарт, шитобам барои ҳамин аст».
Ва афзуда буд боз:
- Он бечора ният дошт, дар тӯяш ягон ҳофизро истифода барад. Аммо барои ин пулу чизи зиёдатӣ надорад. Бе пул кадом овозхон барои вай хизмат мекунад? Ҳол он, ки вай-бечора, ҳатто оши тӯяшро аз пули қарз гузарониданӣ.
Аробакашу аробааш аз корвон дур рафт, вале Умар Ҳофизро андешае бурд: сабил монад ҳамин пулу чиз! Аз паси пулу мавод овораю сарсон ва дилшикаставу талхком чӣ қадар одамон дар рӯи замин...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё