Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Мирзо, ба гӯши тагоҳои дар ҷанг қурбоншуда, ба гӯши Рафоатбонуи азизу меҳрубон, ки писараш Солеҳ аз ӯ мерос монда. Ҳамчун Солеҳ, ки ҳоло менавозад қатори навозандагони дигар дар ин ҷо...

Баробари ин ба рухсори Мирзо мечакид беихтиёр қатраҳои ашқ. Ин ашқи аз чашмони хирашудаи пирона чакида, ки миёни ҷӯяи ожангҳои рухсораш мешориданд аз хумори рафтагон буд ва дар ёди онҳо буд ва аз умеду орзуи оянда буд ва ҳатто аз суруре буд, ки созу наво ва мақоми гузашта ва гузаштагон намуррда ва аз вай (аз Мирзо) ба шогирдон гузашта, яъне ба шогирдон аз Донишгоҳи олии Санъат, яъне ба шогирдон аз Чойхона-Театри машҳури Исфаразамин. Хуллас навоҳои аҷдодӣ намуррда ва онҳоро Мирзо, ҳамчун купруке, ҳамчун пуле аз гузашта ба соҳили имрӯз оварда расонда ва барои имрӯзиён ва ояндагон расонда. Пас вай ҳам вазифа ва рисолати худро иҷро карда тавонистааст назди таърих ва назди рӯҳи гузаштагон ва назди имрӯзиён ва ояндагон. Ва инсон бошад барои иҷрои рисолате ва вазифае меояд ва зиндагӣ мекунад рӯи замин. Ун рисолат чӣ азим бошад ва чӣ кӯчак ва ун вазифа чӣ кӯтоҳмуддат бошад ва чӣ дарозмуддат.

Пас ҳар касе, ки рисолати худро ба охир расонид, бояд биравад ва бояд ба гузашта ва гузаштагон биомезад...


Он рӯз шогирдон ва шарикони Мирзо намедонистанд, ки баъзе аз наво ва мақомҳои аз устоди худашон омӯхта ва аз бар кардаи худро, дере нагузашта, ба иҷро мерасонанд ва менавозанд дар сари турбати худи Мирзои Навозанда ва дар паҳлӯи гурпуштаи болои ҷисми вай. Зеро то охири умри Мирзои Навозанда ҳам кам монда буд, балки рӯзҳои башумор монда буд...

Яъне Мирзо, ки рисолати таърихии худро адо карда тавониста буд-роҳи Умар Ҳофизу Қорӣ Носирро идома бахшида тавониста буд, балки онро ба шоҳроҳ пайваст карда тавониста буд, яъне санъату созу суруди гузаштаро ва гузаштагонро ба оянда ва

пешина
аз 194
навбатӣ