Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ояндагон, яъне ба навҷавонони санъатҷӯ расонида тавониста буд, чун рисолати таърихии худро ва вазифаю масъулияти худро назди миллат ва меҳан ва таърих ба иҷро расонид, азми олами дигар карда буд...

...Рафта буд вай ба ҷое, ки рафта буданд кайҳо Зебо Парӣ ва Умар Ҳофиз ва рафта буд Қорӣ Носир ва ошнову азизони дигараш, бар амсоли Асомиддину писараш Камолиддин, бар амсоли се тагояш, бар амсоли бибиаш, бар амсоли ҳамсари ситорачашмаш Рафоатбону ва инчунин дӯстони зиёдаш ва хоса дӯсти азизаш Турсунзода...

Олам монда буд акнун бе Мирзои Навозанда.
Олам мегашт акнун бе Мирзо Навозанда...


...Дар ҷаннат, дар боғи биҳишт, ин лаҳза шояд нишаста бошанд паҳлӯи ҳам Мирзои Навозанда ва Зебо Парӣ ва Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир ва Камолиддин ва падари вай-Асомиддин ва тағоҳои санъатҷӯи Мирзо ва Рафоатбону ва бибии азиз... ва инчунин дӯстони Мирзои Навозанда, ки Мирзои Турсунзода аз ҷумлаи онҳо буд... Он ҷо нишастаанд шояд ҳолиё ҳамагӣ гирди ҳам ва барои онҳо менавозад шояд Мирзои Навозанда ва тағаннӣ мекунанд шояд Умар Ҳофизу Қорӣ Носир ва Зебо Парӣ. Мирзои Турсунзода бошад замзама мекунад зери ин наво аз ашъору осори худаш...

Бале дар биҳишти амбарсиришти Худованд, дар лаби рӯдбор, дар зардолузоре, ки амсоли зардолузори Исфараи хушманзара фасонахез бошад, дар як чойхонаи он, ки амсоли чойхонаи «Лола» тобад, чунин ҷамъанд дӯстон ва пайвандони собиқ. Фақат дар биҳишт чунин мешаваду он ҷо метавонанд наслҳои гуногун ба ҳам омада, ҳамнишинӣ ва ҳамдилӣ карда тавонанд ва сурурашон ва ормону ниёзу орзуҳошон якҷоя бошад ва якхела бошад... Фақат дар биҳишти амбарсиришт...

пешина
аз 194
навбатӣ