Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Турсунзодаро дошт, барои тадриси ҳунаромӯзон даъват мекарданд ва боз чанд моҳи умри вай он ҷо сипарӣ мегардид.


Ва чун дар Донишкада шогирдони Мирзои Навозанда дар иҷрои мақом балад шуда тавониста буданд, вай онҳоро рӯзе ба Исфаразамин овард, дар Чойхонеатри худ - Чойхонеатри «Лола» концерти ҳисоботии ин ҷавонон баргузор гардид; дар ин чойхонеатре, ки як вақтҳо Қорӣ Носир ҳунарнамоӣ мекард ва дар маросими Сайри Лолаи Исфара Умар Ҳофизи беҳамто низ ин ҷо истеъдоди худододи худашро ба намоиш мегузошт.

Мирзои Навозанда шогирдонашро ҳамчунин ба қабристони қадима овард, ки дар ин ҷо, дар гӯшаи вайроншудаву аз байнрафта қабри Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носири номвар буданд як замон. Ва Мирзо ҳамроҳи ҷавонон ин ҷо ба навохтани наво шурӯъ намуд. «Хок гӯш дораду ин ҳамаро шунида, мерасонад ба гӯши азизони гузашта», - андеша мекард Мирзои Навозанда, - бояд расонад ин ҳамаро ба гӯши Умар Ҳофиз, ба гӯши Қорӣ Носир, ки ин навоҳо аз онҳо ба ман гузашта ва аз ман гузашта ба ҷавонони ҳунарманд. Бигзор навоҳои қадимаро ду бузурги гузашта бишнаванду рӯҳашон шод гардад. Шод гардад, ки навоҳои гузашта ва гузаштагон намурдаанд ва Мирзо онро ҳифз карда тавониста ва ба насли нав расонда. Ба умеде расонда, ки насли нав онро мерасонад ба насли дигар ва дар натиҷа созу навои авлодӣ фано намеёбад, намемирад, ба ояндаи дури дури кишвару миллат мерасад ва гановати онро пуршукӯҳ мегардонад. Бояд ҳамин тавр ҳам шавад. Бояд...

Мирзои Навозанда қатори ин ҷавонони аз худаш тарбиягирифта, ки аз Донишкадаи санъати пойтахт буданд ва қатори ҳунармандони ансамбли чойхонагии худаш менавохту боварӣ дошт, онҳо ба гӯши Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир, ба гӯши Зебопарӣ ва садҳо санъаткорони дигари собиқа мерасад.
Мерасад боз ба гӯши писари ғӯрамарги Умар Ҳофиз — Халифаи ноком, ба гӯши ҳамсари ҷигарсухтаи Умар Ҳофиз, ҳамчунин мерасад ба гӯши Асомиддини ҳурмоириш, ба гӯши писари ҷавонмарги вай Камолиддин, ба гӯши бибии сагирпӯйи худи

пешина
аз 194
навбатӣ