Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

ҷавон, балки барои мутахассисон ва профессорон ва докторҳо низ як дарси кашфи асрор ва роз ва хоса розу асрори навоҳои классикӣ ва халқӣ ва ҳикмату ҳунари халқ ба шумор мерафт.

Навоҳои нодири ба Донишкадаи санъат овардаи Мирзо, ки мероси азизи гузаштагон буд, ин ҷо ба адвор (нота) ҳам гирифта мешуданд.


Мирзо — ин академики халқии навогарӣ, чун ҳар бор ба Исфаразамин бармегашт касби ҷойхоначигиро идома медод. Ва идома ҳамедод дар ҷойхонаи «Лола», яқинтараш дар ягона Ҷойхонатеатри кишвар. Дар ин ҷойхонае, ки аз қадим дили таппандаи санъати классикиву халқӣ буд ва Сайри Лолаи Исфара пиромуни он мегузашт ва чун мардум лоладарахтҳои сохтаву овардаи худро ин ҷо «мешинонданд», яқинтараш дар сутуни ин ҷойхона насб мекарданд, дар иҳотаи лоласаҳнаи фасонавӣ ҳунарнамоии мардуми Исфара ва водии Фарғона идома меёфт. Идома меёфт то пажмурда шуда, афтодани охирин барги лолаи Лоладарахтон.

Баҳор омад, чу гул бишкуфта бошем,
Гулу гулруҳ ба ҳам печида бошем.
Ду булбул дар чаман нолида бошем,
Ба завқи якдигар ҳандида бошем.
Биё бо ҳам равем сайри гулистон,
Тамошоҳо кунем аз боғу бӯстон.

Мирзои Навозанда-Мирзои Ҷойхоначиро ҳар сол аз нав ба Донишгоҳи санъати ҷумҳурӣ, ки номи дӯсти азизаш Мирзои

пешина
аз 194
навбатӣ