Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Носир буд ва чунон ки Мирзо кору хислати варо идома додан мехост...

Ва боре шоири халқии Тоҷикистон Боқии Раҳимзода ҳамроҳи шоири халқ Мирзои Турсунзода ба Исфаразамин аз пайи коре омада буданд ва баъди чанде ба Душанбе баргаштанд ва Боқии Раҳимзода дар як нишаст аз шуаро ва удабои ҷавон суол намуд:
-Медонед, ҷаннат дар куҷост?

Ҷавонони навкалам, ки чунин суоли шоири дар замона машҳур Раҳимзодаро интизор набуданд (хоса дар ин солҳои пирӯзии атеизм ва инкор кардани Худову ҷаннат) аз ин боис ҳайратзадаву лол монда буданд.
-Ман ҷаннати рӯи заминро дар назар дорам, - мушкилаи ҷавононро осонтар кардан хост шоир Раҳимзода.

Ҷавонон посух дардоданд, ки:
-Шояд ин ҷаннат боғчасарои Турсунзода бошад дар водии Варзоб.

Ҷавонон ҳамон боғчасароро дар назар доштанд, ки дар соҳили рӯдхонаи ин ҷо буду як қисмати ашъори шоири писандидаи халқ Турсунзода, ки ҷаҳонӣ шуда буд, маҳз ин ҷо эҷод гардида ва ба миён омада.
-Ҷаннати дигар ҳам ҳаст, - лукма партофт Боқии Раҳимзода барои осон кардани мушкилаи посухгарони ҷавон. - Ҷаннати дигар ҳаст, ки онро Турсунзода аз боғчасарои худаш кам намедонад...

Ҷавонон акнун намедонистанд чӣ ҷавоб дода бошанд.
-Ин ҷаннат Исфаразамин аст ва чойхонаи Мирзои Навозанда - «асрори ниҳон»-ро худи Раҳимзода ошкор карда буд ниҳоят. - Ин ҷаннат чойхонаи Мирзои Навозанда аст дар Исфаразамин ва ансамбли чойхонагии вай ва рӯдобу зардолузори паҳлӯи чойхона... Яъне зардолузоре, ки зераш каҷпаҳлӯ зада, дароз мекашиву пой ба оби Исфараруд овезон мекунӣ ва ҳар гоҳ, аз боло, зардолуи асалин канда шуда, рӯи майса ва ё болои дастурхон мефитад ва ту даст ёзонда, онҳоро гирифта, ба даҳон меандозию зардолу дар қомат яҳмос барин об шуда меравад ва Мирзои Турсунзода бароят шеър мехонаду Мирзои Навозанда бароят менавозад...

пешина
аз 194
навбатӣ