Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Театри халқии Қорӣ Носир ҳамчунин дар чойхонаи Исфара буд, ки онро акнун Мирзои Навозанда давом медод. Ҳуллас чойхона маркази санъат ҳам ба шумор мерафт аз қадимулайём. Ва як вақтҳо дар чойхонаи «Роҳат»-и Душанбе низ болои катҳое, ки аз гилему кӯрпачаҳо ороста буданд, асбобҳои миллии мусиқӣ ва навогарӣ ба назар мерасиданд. Ҳар касе, ки дар навохтани асбобҳои мусиқа ҳунар дошт, яке аз онҳоро гирифта, нағмапардозӣ мекард. Бо ин васила хотири худаш ва дигаронро шод мегардонд. Охир чаро, ки дар қаҳвахонаю тарабхона вақту бевақт мусиқа танинандоз асту дар чойхона на? Охир шашмақом тӯли асрҳо ғайри нишасту базмҳо боз дар чойхонаҳо низ танинандоз мешуд. Ва чаро, ки қаҳвахонаю тарабхона дастаи санъатварон дораду дар чойхона набояд бошад? Пас бигзор чойхона ғайри манбаи дамгирӣ буданаш манбаи маърифатӣ будани худро идома бидиҳад. Охир чойхонаи Қорӣ Носир ҳамин хел буд, ки анъанаи онро чойхонаи Мирзои Навозанда идома медод. Ва чойхонаи Мирзо амсоли мусиқа ва созу сурудаи қадима як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги Исфара ва умуман тамаддуни тоҷикро ташкил медод.

Пас бигзор чойхоначӣ ҳам (дар Исфара варо «самоворчӣ» ҳам гӯянд), одами ҳунарманду некдил бошад, чунон ки Қорӣ

пешина
аз 194
навбатӣ