Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

ҲАМАИ ИН МУҲОБОТ БУДАГИСТ!

Овозаи чойхонатеатр чунон буд, ки ба гӯши ин гурӯҳ ва ё гурӯҳи дигар мерасид ва онҳоро ба ҳайрату шигифт меовард.

-Ҳамаи ин муҳобот будагист,-мегуфтанд баъзе нафарон,-охир кӣ гуфта, ки дар як чойхонаи оддӣ ин қадар созандаю навозанда ҷамъ омада бошад, ки баъзан дар театрҳои давлатӣ ин қадар санъаткор ҷамъ намеояд. Не, муҳобот асту чизи дигар не.

Вале Мирзо дастаи санъаткорони чойхонаи худро бештар неруманд ва қавӣ мекард ва созу сурудаи он созу сурудаву таронаҳои Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир барин ҷонбозони мақоми Исфара буданд, ки барои зеби зиндагӣ офарида шуда буданд. Инҳо мақоме буданд, ки сабки бештари мақомхонӣ ва мақомнавозии водии Фарғона аз он рӯида. Ва Мирзо ҳам мехост коре кунад, ки мақоми Исфара ва садои гузаштагони ин мақом, ба амсоли Умар Ҳофизу Қорӣ Носиру Зебо Парӣ ва дигарон бо василаи чойхонаи ӯ ва ансамбли вай ба гӯши мардумони дуру наздик бештар расад.

Аслан чойхона аз қадимулайём барои мардуми Шарқ як манбаи дамгирӣ ва маърифатнокӣ буд. Аз чойхона мардумон хабарҳои тозаро мешуниданд, дар бораи воқеаҳои дунё ва гирду атроф андеша меронданд. Агар дар Шарқ, касе ба шаҳре ва манзиле биравад аввалан ба чойхонаи он ҷо ворид мегардид ва як чайник чой гирифта, нӯшида, аз тозагии ин ҷо ва муомилаи соҳиби чойхона дар бораи маданияти ин диёр ва муомилаи мардумони ин макон хулосаҳои нахуст мебаровард. Хулосаи пешакӣ аксар вақт ба ҳақиқат мувофиқ меомад. Баъд басо нишасту маҷлисҳои мардумон дар чойхона мегузашт ва баъзе чойхона курсҳои маҳви бесаводӣ ва ё курсҳои саводнокӣ ҳам дошт дар оғози қарни бист ва хоса дар даҳаи дуввуму севвуми он. Ва ҳатто мактаби худро доштанд баъзе чойхонаҳо як замон.

пешина
аз 194
навбатӣ