Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Марди бо лутфу зариф Боқии Раҳимзода ҷаннати мегуфтаашро бе Мирзои Навозанда ва бе Мирзои Турсунзода тасаввур карда наметавонист...
Маликушшуарои қарни бистуми тоҷик Мирзои Турсунзода, дар ҳақиқат, агар аз корҳои зиёди давлатию ҷамъиятӣ ва эҷодӣ ва ташвишҳои дигари зиндагӣ беҳад хаста шавад, роҳи Исфаразаминро баъзан пеш мегирифт, ин ҷо расида, Мирзои Навозандаро меёфт ва ҳамроҳи вай дар чойхонаи вай менишаст, ё лаби Исфараруд мефаромад, ё дар зардолузори соҳили об манзил интихоб мекард.
- Навозед, Мирзо, - илтимос менамуд аз Мирзои Навозанда шоири халқ Турсунзода. - Аз ҳамон қадимиҳош навозед.
Мирзои Навозанда ба даст дутор ва ё гиҷичак мегирифту Мирзои Турсунзода ба лӯлаболишт такя намуда, ба навое пурсеҳре, ки аз зери ангуштони мӯъҷизаофар зоида мешуданд, гӯш фаро медод ва оҳиста ва муттасил арому осуда мегардид.
Мирзои Навозанда ҳамоно менавохт ва баъди тӯлонӣ ва тӯлонӣ навохтанаш чун медид, чашмони Мирзои Турсунзода пӯшида шуда, аз сари андешае, ки шоирро хоб бурда, овози

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё