Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
маркази Исфара ва бо ҳамон шаҳомат «лоладарахтҳо»-и мӯъҷизасоро мебастанд ба сутунҳои чойхона, ки дар доманаи теппаи Шаҳристон буд ва он ҳам «Лола» ном дошт. Ҳуллас дар атрофи чойхона лоладарахтон рост мекарданд ва ба қавли исфарагиҳо «мешинонданд». Дар иҳотаи «лоладарахтон» нимдаврае ба миён меомад, ки саҳнаи театрро ба хотир меовард.
Маҳз дар ин «саҳна» хофизону навозандагони Исфаразамин ва хофизону созандагони тамоми водии Фарғона ба ҳунарнамоӣ шурӯъ мекарданд. Тантана то рӯзе идома меёфт, ки лолаҳо пажмурда шуда, то охирин барги он рехта бошанд. Ҳоо, то рехтани барги охирини лолаи танаи дарахтон суруду тантана ва намоиши ҳунар идома меёфт дар чойхонаи Лолаи Исфара.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё