Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Сафедоре будааст
Сершоҳу ҳам росте...
Ва ҳар гурӯҳ шоҳаи азиме аз дарахтони азим бурида, ё навниҳоле гирифта (аксар сафедори борику дарозе), ба навдаҳои онҳо лолаҳои чидаи худро мебастанд ва миёни дукӯшаи ин «лоладарахтон» баъзан писарбачаи зеборуҳ нишонда, бо ҳаёҳуй ва тантана ва созу суруда ҷониби маркази Исфаразамин равона мегардиданд.
Ва гар дарахти сафедор бисёр калон бошад, болои ғалтаки дучарха «мешинонданд», ё барои бардошта бурдани он аз шоҳаҳо дастак тайёр мекарданд ва ба танаи сафедор, ки ба лоладарахт бадал ёфта буд, мебастанд. Ва бо ин васила онҳоро бардошта, роҳ мегирифтанд ҷониби маркази Исфаразамин, ки ин ҳам тарзи мусобиқаро дошт миёни ҳар гурӯҳ. Пешопеши лоладарахтон ва ё аз думболи онҳо карнаю сурнай, нағораву доира садо медоданд, нақшгӯй ба авҷи аъло мерасид ва нақароти онро ҳамагӣ такрор мекарданд:
Баҳор омад, чу гул бишкуфта бошем,
Гулу гулрух ба ҳам печида бошем.
Гули лола!
Ду булбул дар чаман нолида бошем,
Ба завқи якдигар хандида бошем.
Гули лола!
Биё бо ҳам равем сайри гулистон,
Тамошоҳо кунем аз боғу бӯстон.
Ана гули лола,
мана гули лола,
гули лола.
Ана гули лола,
мана гули лола,
гули лола.
Ва мегузаштанд валвалакунон аз бару миёни боғистон ва майсазорон бо лоладарахтҳои зиёди дасти худашон.
Ва бо тантанаву сурудаву шону шукӯҳ ворид мешуданд ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё