Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»
Номи Умар Ҳофиз вобаста ба маросими «Сайри Лолаи Исфара» зиёд ёд мешавад.
«Сайри Лола» эҷоди хосаи мардуми Исфаразамин ба ҳисоб мерафт. Ва барои ширкат ба ин маросим аз деҳкадаҳои гирду атроф, балки аз тамоми канораҳои водии Фарғона ҳофизону навозандагон ва одамони касбу кори гуногун меомаданд. Сайри Лола ба санъати овозхонию навогарии мардуми тоҷикзабони тамоми водии Фарғона бадал меёфт.
Ин маросим аз он оғоз меёфт, ки одамон ба кӯҳу пуштаҳои Исфаразамин баромада, лола чида, таронахонии хоса ба миён меоварданд:
Кӯҳистон чун гулистон, гули лола,
Монанди богу бӯстон, гули лола.
Тезтар биёед, чинем гули лола,
Бо ҳам гулдаста созем, гули лола.
Ана гули лола,
мана гули лола,
гули лола.
Ана гули лола,
мана гули лола,
гули лола*.
Ҳуллас лолаи зиёд чида мешуд ва баробари маросими лолачинӣ маросими дарахтбурӣ ва шохабурӣ ба миён меомад, ки чунин сурудаҳо дошт:
Биёред, биёред,
Арраю ҳам досте.
(*аз китоби «Сайри гули лола»-и профессор Ваҳҳоб Набиев).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё