Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва баъдан Ибни Ямин идома медиҳад:

  • Умар Ҳофиз аз бисёр ҷиҳат монандӣ дошт ба тағои худаш Зебопарӣ. Ва миёни онҳо фақат як фарқият ба назар мерасид— Умар Ҳофиз баробари ҷавонмарди таҳимтан буданаш, инсоне буд дилкашу дилнишин, зебоандому чеҳрааш нурбора.

Ва рӯи бистари нарму гарме, ки Ибни Ямин дар хонааш барои мо ороста буд, моро аз нав хоб намебарад.
Зеро дар бораи Зебопарии фасонавӣ ва ҷияни вай-Умар Ҳофиз, ки асояш дар паҳлӯи ҷоғаҳи мо истода, андеша мекунем дар ин шабистони олами қадима...

Рӯзҳои дигар бо ин асо аз ҳавлие ба ҳавлии дигар, аз гузаре ба гузаре меравем ва гуфтаҳои навбатии мӯйсафедонро бо ҳуҷҷату санадҳои навпайдо, ки аз китобу рисолаҳои дигар дарёфтаем, муқоиса месозем. Нақлу ҳикояти одамон ва бозёфтҳои дигари хатиро амсоли шарораҳои ҷудогона якҷоя намуда, аз онҳо машъала афрухтанӣ мешавем, то бо василаи анвораш солҳои пуштисармондаи дурро рӯшанӣ афканда тавонем. Ва зери ин партав, такя ба асо, дар пайраҳои пуштисармонда ва дуррафтаи солиёни гузашта қадам мезанем ва боэҳтиёт қадам мениҳем, то хато наравем, пешпо нахӯрем, лағжида наафтем, ба хулосаҳои аниқу саҳеҳ омада тавонем, то чеҳра ва рӯзгор ва осори Умар Ҳофиз-ҷияни Зебопариро он тарзе, ки ҳаст ва буда, дарёфтаву рӯшан намуда ва нақш карда тавонем. Нақш карда тавонем барои худ ва барои дигарон.

пешина
аз 194
навбатӣ