Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ин мард чӣ буда? Гӯё аз рӯзи азал падару модараш ба вай Зебопарӣ ном ниҳода бошанд.
Ҳатто дар худи зодгоҳаш Исфаразамин варо, акнун, бо номаш не, балки бо лақабаш ёд мекардагӣ шуданд, яъне ин ҷо ҳам варо акнун Зебопарӣ меномиданд одамони зиёд.
Ва бо ҳамин минвол мегузаштанд солҳои зиндагӣ...
Ва баъди барҳам хӯрдани ҳукумати Худоёрхон (тахминан солҳои 1873-1876) Зебопарӣ ба зодгоҳаш Исфаразамин баргашт ва созу сурудаашро ба хизмати ҳамдиёрони худ вогузошт. Баъди ин ҳам касе номи аслии варо дигар ёд намеовард ва ҳама Зебопарӣ мегуфтандаш...
...Чун аз олам реҳлат намуд, мардуми Исфара қабрашро зиёратгоҳ карданд ва ҳамчунин «Мазори Зебопарӣ» ном ниҳоданд.
Ва ин мазор дар Қабристони Қалъачаи Исфара барқарор мондааст, ки ҳоло мо низ ин ҷо нишастаем ва ба андеша рафтаем доири ин марди аҷиб*.
- Ба Зебопарӣ фақат хоҳарзодааш — Умар Ҳофиз баробар меомад, — хомӯшии тӯлонии пурандешаи ба миён фитодаро баршикаста, ифода мекунад Ибни Ямин. — Бале, фақат Умар Ҳофиз баробар меомад ба Зебопарӣ. Ҳамон Умаре, ки асояш дар дасти шумо бошад...
*Дар таърихи фарҳангу адабу мусиқаи тоҷик боз чандин номи Зебопарӣ ба чашм вомехӯрад. Ва Зебопариро баъзеҳо исфарангӣ (исфарагӣ) номанд ва баъзеи дигар истаравшанӣ шуморанд. Ва бархе дигар дар андеша бошанд, ки Зебопарии Исфарангӣ дигар асту Зебопарии Истаравшанӣ дигар аст, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ гӯшаҳои фарҳангии моро то ҳадди тавонисти худ ганӣ гардонидаанд. Чунончӣ дар адабиёти мо бо тахаллуси Ҷомӣ нафарони зиёд эҷод кардаанд ва ду нафари онҳо ба пояҳои баланди истеъдоду шӯҳрат расидаанд, ки яке Абдураҳмони Ҷомӣ бошад ва дигаре Аҳмади Ҷомӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё