Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Ва дар замонае, ки магнитофону радио ва нерӯбахшҳои овозҳо (усилителҳо) набуданд, садои асбобҳои мусиқӣ ва хоса овози ҳофизон ба гӯши сафи одамон, ки гирдогирди чойхонаи «Лола» ҳазорҳо қатор думболи ҳам менишастанд ва хоса дар қафотар менишастанд, на ҳамеша мерасид. Аз ин муҷиб, ғайри овози хушу форам доштан, ин ҷо боз овози гулгуланок ва дурпарвоз доштан лозим меомад, ки мардум аз ҳунарат пурра баҳравар шуда тавонанд ва дар асоси он ба истеъдодат баҳои сазовор дода тавонанд.
Овози Умар Ҳофиз бошад аз садҳо қатори мардумон, ки думболи ҳам менишастанд, гузашта, ба дуриҳои дур парвоз гирифта метавонист.
— Нерӯи овози Умар Ҳофиз аз зӯрии пайкараш вобастагӣ дошт, — изҳори медоштанд мӯйсафедони солманди Исфара. — Зеро Умар Ҳофиз мисли тағояш Зебопарӣ соҳиби қаду қомати баланди рустамона буд, овозаш ба ин тану андомаш мувофиқат мекард.
— Умар Ҳофизро марди сергӯшту фарбеҳ гумон кардан хатост, — таъкид мекунанд мӯйсафедон ҳамоно. — Зеро вай сингори ҳама одамони меҳнатӣ резапайкар, серҳаракат, чандиру бадошт ба назар мерасид. Як мисоли вобастаи Умар Ҳофиз ҳамин, ки гулӯи ҳофизон вақти замзамаи тарона беҳад метасфаду барои ҳамин аз оби хунук ҳазар мекунанд ва барои ҳамин оби ҷӯш истеъмол месозанд. Хосатан вақти овозхонии худашон. Зеро санъати овозхонӣ басо ҳофизонро медонад, ки баъди тасфидани гулӯ оби сард нӯшида, овози форами худро аз даст додаанд. Вале Умар Ҳофиз ҳатто рӯзҳои иди Сайри Лола, ҳарчанд аз ҳама зиёд месароид, лаби дарё мефуромаду дасту рӯ шуста, каф-каф об нӯшида, бармегашт ва нағмапардозии худро идома ҳамедод; аммо дар овозаш халал падид намегашт. Вай баъди овозхонии тӯлонӣ боз лаби рӯдоб мефуромад, каф-каф об нӯшида, ташнагии фузудаашро мешикаст.
-Дареғ-е!-мегуфтанд худро дошта Натавониста басо ҳофизони дигар, ки аз атрофу акноф ва ё аз дуриҳо омада буданд ба ин тантана.-Дуруст, ки ягон сароянда ба Умар Ҳофиз баробар намеояд. Аммо бо ин кораш, яъне обнӯшии мудомаш, худашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё