Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ЧОЙХОНАТЕАТРИ МИРЗО
Мавридаш омаду Мирзо ҳам амсоли Қорӣ Носир чойхоначӣ шуд. Ин дар ҳамон чойхонае амалӣ гардид, ки пештар дахл дошт ба Қорӣ Носир — ба яке аз устодони худаш.
Ва ин соли 1948 буд.
Ин вақт театри Исфараро ба театри ноҳияи Конибодом як карданд, яъне театри давлатиро ба Конибодом кӯчонданд ва Мирзоро — амсоли санъаткорони дигар он ҷо даъват намуданд...
Ва то ин вақт Мирзоро ба куҷоҳо даъват накарда буданд: ҳам ба маркази вилоят, ҳам ба маркази ҷумҳурӣ ва ҳатто ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя. Аммо Мирзо бе Исфараи бостон, бе шаҳри навозандагону ҳофизон, хуллас бе шаҳри ҳунарҳои меросӣ зиндагӣ ба сар бурда наметавонист. Вай амсоли Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир буд, ки зиндагиашро бе Исфара тасаввур карданаш душворӣ дошт.
Исфара манзиле буд, дилбохта мекард на танҳо Мирзоро ва устодони варо. Дар тӯли қарнҳои зиёд корвониён ва мусофирон ва роҳгузарон ва сайёҳон ин ҷо таваккуф накарда, аз ҳавои бегубори ин ҷо чанде нафас накашида ва аз манозири биҳиштсои ин ҷо чашм об надода, гузашта рафта наметавонистанд. Мардум маънидод мекарданд, ки Исфара ҳам аз ду калима ба вуҷуд омада, яъне аз таркиби «ист» ва «фаро», яъне «исту фаро», яъне Ист+фаро.
Донотарҳо мегуфтанд, ки ҷузъи «фара» (яъне фар) аз маънои дурахшонӣ, нурборагӣ, яқинтараш таҷаллии анвори поки осмонӣ бошад, чунон ки ба ин мулк ҳамеша анвори хосаи осмон мерезаду пасон аз ин ҷо, ба чор самти олам паҳн мегардад. Барои ҳамин, огаҳони роз мегуфтанд, ки ин диёри нурбора ва покиза ва пуртароват ва пурсаховат ва ҳалиму дилкаш бошад, ки амсолаш дар дигар ҷойҳои ҷаҳон нест.
Ривояти дигар ҳам монда буд: Искандари Мақдунӣ чун ба ин манзил расид, беихтиёр нидо дардод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё