Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

-Ас пара!
Ва гӯё «Ас пара» маъное доштааст, ки «Оҳ, чӣ зебо! Чӣ беҳамто!». Искандар ҳарчанд манозили бешуморро дида ва тасарруф карда ва аз онҳо лаззат бардошта буд, вале ягон ҷо амсоли Исфара ба дилу ҷонаш ин қадар кора накарда буд. Искандар гӯё гуфта буд, ки фикри ҷаҳонгирӣ агар дар сараш намебуд, албатта, ин ҷо-дар Исфараи хушманзара мемонд. Балки гуфта буд, ки баъди билкул фатҳ кардани ҷаҳон, албатта, ин ҷо баргашта ва давлати пирӣ ва фароғати солхӯрдагӣ меронад, ҳарчанд умраш ба пириҳо нарасида, дар лашкаркашӣ ва сафарҳои ҳарбӣ риштаи он барвақт канда гардида будааст...
Ас пара...
Исфараи хушманзара...
Исфараи беҳамтову беназир...

Дар қарни бистум бештари киноҳои Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ва як миқдор киноҳои Империяи Шӯравӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ дар оғӯши Исфараи хушманзара рӯи навор оварда мешуданд. Зеро синамогарони бузург медонистанд, манзараҳои Исфара ва рангу тобиши он филмҳоро пуробу ранг, пурмаъно ва пуртароват карда метавонад.
Ас пара...
Исфараи хушманзара.
Исфараи беназиру беҳамто!

Мирзо ҳам аз ин диёр дил канда наметавонист ва он рӯзҳо миёни ҳавои атрсо, манозири дилкушои ин ҷо қадам ниҳода, ансамбли халқии Қорӣ Носир ва чойхонаи варо, ки як вақтҳо театри халқии Исфара ба шумор мерафт, пеши назар меовард. Устодаш Қорӣ Носир, солҳои душвор ва кулфатбор, ин чойхонаро эмин дошта тавониста буд. Барои мардуми ба бозор оянда ва ба ин чойхона воридшаванда ва як пиёла чой нӯшанда Қорӣ Носири санъатвар ҳамроҳи дастаи ҳунарии чойхонагиаш менавохт, тараннум мекард. Мехост мардуми губоргирифта ва хаста фарогат дарёфта, бегубору покиза шуда бошанд, бори дили онҳо ва бори зиндагии онҳо сабук гардида бошад. Хуллас чойхонаи Қорӣ Носир амсоли дигар чойхонаҳои олам набуд ва

пешина
аз 194
навбатӣ