Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Вале баробари ин одамони мошини бо суръат раванда бо тамоми баландии овози худ, дар ҳама ҷо—чӣ одам бошаду чӣ на-нидо дармедоданд:
- Ҷанг тамом шуда! Тамом шуда Ҷанг!...
Писари Мирзо, яъне Солеҳи кӯчак низ нидо дармедод: - Ҷанг ба охир расида...
Шояд барои он, ки хабари хуши олам бештар паҳн шавад, акнун ба дасти худи Мирзо дода буданд карнай. Зеро дар навохтани ҳама гуна асбоби навогарӣ ҳеҷ кас баробар намеомад ба Мирзо. Ва Мирзо зӯр зада, ҳавои вуҷудашро канда-канда равона мекард андаруни карнай ва равона мекард.
-
Бум-баба бам бум!-ҳосил мешуд овозе- Бум баба бам бум!!!
Дар саҳро ва деҳкадаҳо мардум аз кор истода, ё қади роҳ баромада, хабари ҷонбахшро шунида, табассум мекарданд, ашк мерехтанд, сари зону рӯи хок мефитоданд, ба осмон хез мезаданд. Охир ҷанг тамом шуда! Ҷанг!... -
Бум баба бам бум!!!
Мирзо таги як эзори суф ва нимаурён ва росто дар гӯшаи бордони мошин карнай мекашиду чанд нафари дигар варо медоштанд, ки аз таъсири алвончҳӯрии бошасти мошин ва вазни асбоби азими карнай наафтад. Писаракаш Солеҳ низ пойҳои падарро дудаста медошт, то вай ҳам заррае мададгор шавад барои наафтидани падари карнайкаши худаш. Охир писарак ҳам мехост падараш пайки шодиро, навои навгониро ба атрофу акноф бештар ва фаротар ва дуртар паҳн карда тавонад. -
Бум баба бам бум!!!
Ҳаа, ҷое, ки касофату ноодамӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолат тамом мешавад, аз он ҷо васлу пайвандии нав падид меояд ва тораҳои боқимонда ва кандашудаи навои аҷдодӣ қатори оҳангҳои навпайдо ба гӯши сарҳо мерасад ва гӯши дилҳо низ таъсир мекунад, худшиносии мардумонро боло мебарад. Пас нест бод ҷанг ва зинда бод созу наво ва сурудаву тарона! Зинда бодо «Шашмақом»-силсиланавои пурдарду пурумеди тоҷикон!... -
Бум баба бам бум!
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нагашт,
Доимо яксон намонад ҳоли даврон ғам махӯр... -
Бум баба бам бум!!!...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё