Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
дар он ҳамеша кадом чиз намерасид. Ва ҳоло бештар дарк менамуд, дар муддати ин чор соли ҷанг ягон маротиб вай аз таҳи дил дам нагирифта буд ва ягон рӯз асабаш ором набудааст ва ҳамеша ин чиро интизорӣ мекашидааст, ки «ҷанги сабилмонда ва ҳастакунанда ва ҷунуновар кай тамом мешуда бошад...»
Бале ҷанг барои санъаткор нест. Ҷанг давроне нест барои ҳунарварон...
...Агар шарикони Мирзо дастони сусту лаккотшудаи варо гирифта, тани сусту лакотшудаашро кашида, ба бордони мошин савор намекарданд, рӯи замин нишаста, рӯ ба осмон дароз кашида, беҳаду ҳудуд дам гирифта, андешаҳо мекард Мирзо ва андешаҳо мекард дар бораи ҷанг ва ҳаёти санъатварон дар ҷанг...
Ва чун Мирзоро кашида, ба бордони мошин савор карда буданд, ронанда, гӯё инро кайҳо мунтазир бошад, забони газро пахш намуд. Мошин такон хӯрда, пеш ҷаҳид. Каливишу такон мехӯрд мошин, вале гардиши худро суст намекард. Ва гар дар роҳҳои пурхавфу ноҳамвори кӯҳистони пурпеч, вақти дигар мошин бо чунин суръат медавид, санъаткорон ҳамагӣ кабинаро мушборон намуда, манъ карда, ҷилови ронандаро кашида мемонданд, ки фалокати дигар ба миён наорад, ки боре чунин фалокат қариб омада буд ба сари Мирзову писарчааш чун онҳо аз мошин парида буданд ҳамроҳи ҳалтаҳои мевақоқ дар роҳи сафар.
Аммо ҳоло ба назари санъаткорон менамуд, ҳаракати мошин аз муқаррар суст бошад. Ба назари Мирзо низ чунин менамуд. Охир дили ҳама шитоб дошт. Ҳама мехостанд муждаи навронавиди зиндагиро зудтар расонида тавонанд ба дигарон. Охир ҷанг тамом шуда. Ва бигзор баъзе шунидаанд аллакай ин хабарро. Аммо хабари хушро, ки солҳо интизораш будай батакрор шунидан бадӣ надорад. Вале бисёриҳо ҳанӯз ҳастанд нашунида муждаи навро. Пас бишнаванд бояд онро... Бишнаванд бояд...
Ду санъаткор, бо як даст чӯби бордон ва бо дасти дигар карнайчиро дошта буданд. Ва карнай садо медод канда-канда. Овози баландтару нерумандест дар асбоби мусиқавӣ, ки карнай ном дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё