Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Меравем!-такрор карданд ҳамагӣ аз нав.
-Чӣ хел, охир?
-Намоише барпо мекунем дар Исфара. Дар пойи чойхонаи Қорӣ Носир; чуноне ки дар Иди Лола мешуд!
-Вақти лолачинӣ гузаштааст кайҳо...
-Меравем вале мо!...

Мирзо эҳсос намуд, ки ин ҳама ба дилхушии ангуштааш ва ё ба шухии ногаҳонӣ монанд нест, ки гузаранда бошаду лаҳзагӣ. Охир дар қиёфай шариконаш ғайри «девонагии шодибахшо» боз бахти беҳад ва саросемагии аз бахти ногаҳон расида ва амвочу туфони хуррамии беҳад аён аст. Пас чӣ воқеа рӯй дода бошад?
-Тезтар, Мирзо! Меравем!
-Охир барои чӣ омадем, ки меравем-аа? Шабона ин ҷо кӣ концерт нишон медиҳад! Аа?

-Консерти калоне дар Исфара мекунем!-такрор карданд ҳамагӣ.-Намоише барпо мекунем ун ҷо. Ҳаа! Намоиши калон. Дар пойи чойхонаи Қорӣ Носир. Чунон ки дар Иди Лола мешуд!
-Дилатон ҳеҷ чиз намехостааст!-тамасхӯр зад Мирзо, ки ҳанӯз сарфаҳм нарафта буд то охир мақсади шарикон ва боиси шодию бахти беҳади онҳоро.
-Ҷанг тамом шудааст!-якбора ошкор карданд шарикон бо як овоз.-Ҷанг тамом шуда!

Бо вуҷуди ин ба шунидаи худаш бовар намекард Мирзо:
-Чӣ хел-а? Ҷанг тамом шудааст?...
-Тамом шудааст! Фашизм мағлуб гардид! Ҳамин шаб!-такрор карданд санъаткорон бо як овоз.

Писари кучаки худи Мирзо ҳам гуфтаи калонсолонро такрор карда буд:
-Ҳаа, ба охир расида ҷанг, дада!
Мирзо ба асли воқеа бештар сарфаҳм мерафт. Сарфаҳм мерафту дасту пояш сусту лаққот мегардид. «Ҷанг ба охир расидааст-а?!... Ҷанг-а!!! Наход, аа?...»

Мирзо мехост лаққоту беҳол болои замин нишаста, рӯ ба осмон дароз кашад ва то хело нахеста, аз ҳавои беғубор канда-канда қафаси синаашро пур созад. Қафаси синаашро, ки ин қадар сол дар он гӯё намерасид ҳаво. Яъне тамоми солҳои ҷанг

пешина
аз 194
навбатӣ