Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

замини сангӣ фитодааст ва ягон ҷояш лат бардоштааст ва ё фалокати дигар ба миён омадааст... Ва овози шикастаи карнай Мирзоро аз ҳамин нохушӣ огоҳ карданӣ бошад. Ҳаа, садои канда-кандаи карнай варо тарафи худ даъват карданӣ таъҷилӣ ва фаврӣ...

Мирзо аз саросемагӣ фурҷа наёфт пироҳанашро аз нав пӯшад ва тани немурён бидавид ба ҷониби деҳ...

...Дастаи санъаткорон болои мошини кӯҳнасохт яке карнай мекашиду дигарон аз чӣ бошад рақсу пойкӯбӣ доштанд. Ин ғайримунтазира метофт, Мирзоро гаранг мекард. Хосатан, писарчаи худашро дида буд болои бордони мошин, ки вай бо чашмони пур аз завқи бачагона ба рақсу шодӣ ва созу навои калонсолон назар медӯзад, ҳатто худаш ҳам даст ҷумбонида, кадом ҳаракати ба рақс монанд зоҳир кардан мехоҳад...

Ин ҳама аз тасаввуроти пешакии Мирзо, ки аз сари хавотирӣ, ин ҷониб давида ва расида буд, фарқият дошт.

Мирзо ба маънои ин тантана ва хуррамии ногаҳонии шарикон сарфаҳм намерафт.

Ва ё шояд ин, дар ҳақиқат, девонагии дигар бошад, ки барои дилхушӣ бофта шуда аз ҷониби санъаткорон. Бофта шуда, то губори аз нав қабат ба қабат гуншудаи вуҷудашонро шикаста, канда ва берун партофта тавонад. Охир ғаму ҳасратро, ки дар ин замона дар дил тугуни зиёд баста, бо ин хел «девонагӣ» ва ин хел роҳҳо гоҳе берун наандозӣ, ин ғому ғӯсса дилатро ба пуррагӣ гирифта, кафонда ва аз кор монданаш яқин аст...

Чашми санъаткорони болои мошин ба Мирзо низ афтоду бо як овоз такрор карданд:

  • Тезтар, Мирзо!

Ва афзуданд:

  • Меравем!

Ба ёди Мирзо расида буд, ки чӣ тавр рафта буданд шабе аз ҷамоаи Шаҳристон, аз назди раис Сабуров. Аз ин боис ҳарчанд чашмони пуршавкашро Мирзо аз бозӣ ва рақсу девонагии дӯстонаш намеканд, вале гуфт:

  • Чӣ хел меравем? Мардум ба намоиш хабарӣ. Агар равем, ба ҷойи ману шумо кӣ тамошо медиҳад?!
пешина
аз 194
навбатӣ