Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

КУНҶОЛААЛОБИ
БОЛОИ СЕПОЯҲО

...Зиндагӣ чанд соли ахир андак рӯ ба беҳбудӣ оварда буд ва акнун ба деҳқадаҳои гирду атроф бо хотири ҷамъу дили беғам рафтан ва ҳунар нишон додан мумкин мегардид, ки он дигар хатари ҷон ба бор намеовард, хоса, ки Умари Дузду дастааш кайҳо дигар вуҷуд надоштанд.

Вале ҳоло дар кӯҳистон клубу қасрҳои маданият набуданд, аз ин боис санъаткорони Театр аксар дар ҷойҳои кушод ҳунари худро намоиш медоданд.

Мардумон аз кор фориғ бошанд, намоиш рӯзона баргузор мегардид. Вале дар айни долу зарби кор намоиш шабона барпо мешуд. Дар ин маврид санъаткорон то фаромади торикӣ ҳамроҳи деҳқонон алаф ва ё гандум даравида ва ё дар чидани меваҳо ёрӣ мерасонданд. Ва аз ин ташвишҳо баъзан чунон мондаю шалпар мегаштанд, ки бегоҳ ғайри дароз кашидану роҳат кардан дигар чизе намехостанд, аммо назди мардум баромад кардан ва хастагию мондагии онҳоро баровардан ва истироҳати маънавиашонро таъмин намудан лозим меомад. Охир барои тамошо аз ҳафтсола то ҳафтодсола меомад. Ҳатто кампирону мӯйсафедони барҷомонда, илоҷ карда, худро ба тамошогаҳ мерасонданд. Зеро он вақтҳо (солҳои сиюми қарни бист) дар кӯҳистон на радио буду на телевизион ва на кино ва ягона намуди дилхушӣ шунидани созу суруд ва дидани ҳунари санъатварон ба шумор мерафт.

Баъзан санъаткорон айвони ягон хонаро саҳна интихоб намуда ва дар назди он сепояҳо рост мекарданд. Ин пояҳои ходагӣ қади одам барин дарозӣ доштанд ва онҳоро даста карда, аз боло як-ду ваҷаб монда мебастанд. Аз ин боис вақти пояи ходаҳоро кушодан қисмати аз баста болотар шакли секунҷаи кӯчакро мегирифтанд. Дар ҳамин секунҷаи боло як калла кунҷола мегузоштанд, оташ дармедоданд. Аланга аз ин ҷо поён намерехт, зеро кунҷола аз мобайн месӯхту он ҷо даҳани коса

пешина
аз 194
навбатӣ