Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҲИҚМАТИ ПИРОН
ВА
ДӮЗДИИ ШОГИРДОН

Маҳз дар он солҳои пурошӯб аз Душанбе ба Исфара мӯйсафеди дигар биомад, ки Давлатов ном дошт ва аз ошноёни Қорӣ Носир ва аз дӯстони қадимаи Умар Ҳофиз ба ҳисоб мерафт. Вай аз шумори ҷавонони ҳунаромӯхтаи Исфара театри давлатӣ ташкил карданӣ буд. Худаш ҳам дар кадом вазоратхонаи боло масъул буд ва мувофиқи мактубу дархости Қорӣ Носир ду-се рӯза омада буд, вале обу ҳавои Исфара ба тани дардмандаш чунон форида буд, ки ба ҷойи кораш барқия фиристода, ба рухсатии меҳнатӣ баромад ва чанд ҳафтаи дигарро ин ҷо сипарӣ кардан хост.

Қорӣ Носир дар хонадонаш варо ҷо дода, барои вай ҳама шароитро муҳайё намуд, вале меҳмон изҳор мекард, ки ба меҳмонхонаи чойхона мекуҷад, то худро озодтар эҳсос намояд, ба истироҳату табобат тарзе, ки худаш мехоҳад, машғул шуда тавонад, зеро вай табиатан озодиву мустақилиятро аз рӯзи зоида шуданаш таҳи дил парастиш мекунад.

Қорӣ Носир илоҷ надошт ғайри хоҳиши варо ба ҷо овардан ва дар меҳмонхонаи чойхона барои вай шароит муҳайё кардан ва ӯро аз ғизо ва саратарин меваҳо таъмин намудан.

Бо вуҷуди ин тағоҳои Мирзо баъзан аз бозор масолеҳи ошӣ харида, ба ҳавлӣ оварда, ба бибии Мирзо мефармуданд, палави хосаи исфарагӣ тайёр намояд ва баъдан онро ба карсоне кашида, болояш ду нони танӯрӣ монда, ба дастурхоне печонда, ба Мирзо медоданд, ки ба чойхонаи Қорӣ Носир, барои Давлатов бубарад; зеро Давлатов гар меҳмони Қорӣ Носир бошад, пас меҳмони Мирзо ҳам ба ҳисоб меравад.

Давлатов дар меҳмонхонаи бари чойхона бачаяк Мирзоро пас гаштан намонда, мегуфт: «шин, табақи овардаатро пас мебарӣ».

Ва илова мекард: «ту бо ман ош нахӯрӣ, як худам, аз гулӯям намегузарад».

пешина
аз 194
навбатӣ