Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

пеш бегонаанд ба олами ботини Улуғзода. Воқеан ҳам вай дар мавриди кор ба сухан, яъне бештари шабону рӯзҳо, ба худи худ ва дар худ умр ба сар мебурд. Аз барои гуфтугӯ ба Фирдавсии эҷозофарин ва Ибни Синои наҷотбахши одамиёну бархурдор аз тамоми илми замона, ки ҳар ду низ ба монанди як устод ҳадафи ранҷу озор буданд, чор девори ҳамин хонаи хоксорона кифоят мекарданд. Ин ҳақиқат на маломати камхарчӣ ё умуман беэътиборӣ ба асбобу ашё, балки далеле аз он буд, ки аслан зиёда қадр надошт чизу чора ба Сотим Улуғзода. Дунёи дар худ ниҳони ӯ дар мақоми болотар аз ҳама гуна дунёи либосу палос, ба масал давлатмандиву дороӣ қарор ёфта буд. Ва ин олами вуҷудаш ба идроки вай дар нисбати тафаҳҳуми содалавҳонаи ҳаёту мамот, ки аксарияти кулл саҳл мепиндоранд, шинохти чандин қарат бавусъаттару рангинтар дошт. Устод дар пеши зиндагӣ ба диди амиқи фалсафӣ сари таъзим фурӯ оварда, аз тобишҳои мухталифи он ба як тамкину таҳаммули азалӣ хулоса мегирифт. (196 калима)

Саттор Турсун

22 Сохти феълҳои матнро муайян сохта, ба зери масдарҳои он хат кашед.

ДӮСТӢ

Бинои дӯстӣ афрохтан, чӣ дар миёни одамони алоҳида ва чӣ дар байни халқи муайян, азми чандон мушкил нест. Вале онро торафт мустаҳкам карда, аз дасти як насл ба ихтиёри насли дигар гузоштан, зиёда аз ин, ба вай шӯкӯҳу шаҳомат бахшида, волову бегазанд нигоҳ доштан басо душвор аст. Зеро пойбарҷо ва дархури инсонҳо монанди чунин бино, ки аслан ба тақозои хиради сулҳпарвар арзи вуҷуд мекунад, аз ҳар кас эътибори мудом мехоҳад, масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад. Ва ин гуна эътибор, ин навъ масъулият, бешак, дар натиҷаи тамоси ақлҳои шарифу пайванди ростини дилҳои бедор ба зуҳур меояд.

пешина
аз 275
навбатӣ