Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Исм ва шумораҳоро нависед.

ВОХӮРӢ БО УСТОД ДЕҲОТӢ

Бо шоирон ва нависандагон бори нахуст тавассути китобҳои хониш, китобҳои дарсии адабиёт шиносо мешаванд. Мувофиқи оини тозае, ки дар замони мо ба расмият даромадааст, мулоқоти аввалини онҳо бо шоир аксаран дар мактаб сурат мегирад.

Шоир Абдусалом Деҳотиро ман ҳам бори якум дар мактаб дида будам. Он вақт дар синфи шашуми мактаби ҳафтсолаи Самарқанд мехондам. Гарчи дар шаҳр мактабҳои калони даҳсола, омӯзишгоҳҳои тоҷикӣ вуҷуд доштанд, Деҳотӣ аз он сабаб ки хоҳари хурдиашон дар мактаби мо мехонд, ё аз он ҷиҳат ки бо муаллимони мо Муҳаммадӣ Саломзода, Маҷид Мансурӣ ва дигар меҳмонон шиносӣ доштанд, маҳз дар мактаби мо меҳмон шуданд.

Он шаб ҳамаи курсиҳои толори васеъро падару модарон банд карда буданд. Мо, бачаҳо, дар ҳар ҷое ки холӣ буд, — дар таки дару деворҳо, дар роҳрав ва пеши тирезаҳо рост меистодем.

Баъди чанде аз муаллимон ва падару модарон сухан ба меҳмон дода шуд. Деҳотӣ ба саҳна баромада, аз корубори худ ҳикояти оддис сар карданд. (179 калима)
Фазлиддин Муҳаммадиев

Матнро хонед, замони ҳозира ва гузаштаи феълҳоро муайян кунед.

ОЛАМИ МАЪНАВИИ УСТОД УЛУҒЗОДА

...Ман дар хонаи қаламкашии устод Сотим Улуғзода гаҳу ногаҳ ба гуна-гуна китобҳо, ба мизу курсӣ ва ҷевону рафҳои қариб куҳна менигарам. Кулли он ашё гӯё ба забони ҳол омада, таъкид месозанд, ки ҳар навъ шукӯҳ ё дабдабаи гирду

пешина
аз 275
навбатӣ