Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Дӯстӣ ҳаргиз як мафҳуми хаёлӣ нест, ки вақти зарурат ба забон оварда, дар дигар мавридҳо фаромӯш созем. Вай сириште дорад зинда, ҷоне дорад огаҳ, қалбе дорад ҳассос... Сиёҳ кадом асту сафед дар куҷост, зуд пай мебарад. Ва агар дар ҳаққаш самими нестем, як рӯз не, як рӯз аз мо рӯй мегардонад. Яъне, бинои дӯстии ҳақиқӣ на дар мавҷи суханҳои саризабониву чапакзаниҳои бардавом, балки дар қоимаи* масъулияти бузурги инсонӣ қарор дорад. Фикр мекунам, худи эҳсоси рафоқат ҳам аввалҳо дар оинаи муносибати неки ашхоси алоҳида рух намуда, тадриҷан метавонад ба дӯстии хуби қавму қабоили* муайян табдил ёбад. (196 калима)
Саттор Турсун
ЛУҒАТ
қоима — ростӣ; устуворӣ; пойдорӣ
қабоил — қабилаҳо
23
Ба имлои исмҳо диққат кунед.
ЁДИ БАЧАГӢ
Бачагии ман дар Ӯзбекистон, дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё, дар бари талу теппаҳои Пасурхӣ ном як деҳаи хеле калони зебоманзар мегузашт. Аслан бисёранд деҳоти тоҷикнишин дар кӯҳистони Бойсун. Ва номҳои басо гӯшнавоз ҳам доранд... ба монанди Панҷоб, Сайроб, Дарбанд, Лофғах, Кӯшкак, Авлод, Бибиширин, Сариосиё, Даҳничом, Деҳиболо, Даҳнишамъ ва ғайра. Пасурхию моро аз маркази ноҳия, ки сокинонаш бештар ӯзбек буданд, ё ба ӯзбекӣ ҳарф мезаданд, як дарҷаваи шӯҳоб ҷудо мекард. Вобаста аз фаслҳои сол ба талотум меомад он рӯдхона, гоҳ ором ҷорӣ мегардид. Ва рӯзи мо, бачаҳои ду соҳил, махсусан тобистонҳо, аксар дар оғӯши ҳамин дарӯча ҳарҷ мешуд. Ба шиноварӣ, ба моҳидорӣ, ба ҳар гуна кашокашу ҷастӯхез...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё