Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ин заминҳои бекорхобида меомаданд, ки ҳаёти нав барпо кунанд. Афсӯс, ки аксарияти онҳо маҳсули меҳнати худро чашида натавонистанд. Якеро вабо кушт, дигареро тири ноҳақи душман. Вале корнамоии онҳо дар дили халқ ҷовид аст.
Номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидкул Турдиевро ин ҷо бо эҳтиром ба забон мегиранд, хотирашро пос медоранд. Ӯ дар ҳамин хоҷагӣ агроном буд...
Вақте ки ҷанг сар шуд, Саидкул ихтиёрӣ ба ҷанг рафт. Аввал командири взвод, баъдтар командири рота таъин карданд.
Тирамоҳи соли 1943 буд. Ротаи лейтенант Турдиев якумин шуда аз дарёи Днепр мегузашт. Дар муборизаи тезутунд командири баталон ҳалок шуд. Саидкул фармонфармоии баталонро ба уҳда гирифт. Ду бор ярадор шуда бошад ҳам, аскарҳоро ба ҷанг, ба пеш мебурд.
Мубориза баҳри Днепр бо ғалабаи мо анҷом ёфт. Аммо Саидкул ин тантанаро дида натавонист. Ба ӯ баъди маргаш унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Дар хоҷагӣ ба ӯ ҳайкали ёдгорӣ гузоштаанд. Кӯчаҳо, мактабҳо, ҷамоати қишлоқ номи ӯро гирифтаанд. (173 калима)
Ибод Файзуллоев
8
Навъи зарфҳои матнро аниқ созед.
ШАБЕ ДАР ГУЛИСТОН
Аҷоиб заб буд, он шаб.
Моҳтоб чун офтоби нимрӯзии тобистон ҳама ҷоро равшан карда, шаби «зимистони султони бедодгар»-ро мунаввар сохта буд. Агар ба осмони нилгуни соф ва бегубор, ба моҳи пурраи шаъшаапош ва ба ситораҳои камнури ба рӯи сӯзании осмон пошхӯрда нигоҳ кунед, гумон мебаред, ки баҳор аст, табиат ҷавон ва хуррам аст. Вале ҳамин ки назари шумо ба поён, ба рӯи замин мутаваҷҷеҳ мешавад, ҳаёти як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё