Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
УСТОДИ ҲАҚИҚӢ
Устоди ҳақиқӣ шахси ҳамадону ҳамабин аст, аз ин сабаб вазифаи ӯ нишон додани айбу камбудиҳои шогирд ва ба ҷодаи некӯ раҳнамун сохтани вай мебошад. Вазъу ҳолати рӯҳии устод, албатта ба ҷараёни омӯзиш бетаъсир намемонад. Бинобар ҳамин, ба қавли Абубакри Розӣ «устод бояд ҳаргиз аз тарбиягир малол нашавад, бо ӯ бо истеҳзо назар накунад ва безориву дилгирии худро нишон надиҳад. Шоиста он аст, ки дар ҳузури шогирд ҳамеша худро хурсанд нишон дода, бо тамкину ҷиддият ба ҳарфи ӯ гӯш андозад». Вале дар ҳоле ки шогирд аз рӯи ҳиҷолат чизеро аз устод пинҳон мекунад, «дар баёни чизе ё шарҳ додани қабоҳати он чиз азоб мекашаду онро комилан зоҳир карда наметавонад», равост, ки устод худро нигарону ғамгин нишон диҳад. Дар ин ҳолат аз шогирд тақозо намояд, ки бе ягон шакку истиҳола суханашро ба тариқи возеҳу равшан бигӯяд ва ӯро огоҳ созад. Ҳамчунин, агар устод ба мушоҳида гирад, ки шогирд дар ҳолати дигар дар баёни чизе беш аз андоза муболиға мекунад, набояд ғазабнок гардад. Салоҳи кор он аст, ки дар ин маврид низ шогирдро таъриф кунад ва бо чеҳраи кушод изҳори хушнудӣ кунад. (182 калима)
Шодӣ Шокирзода
САИДҚУЛ ТУРДИЕВ
Дар хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Қӯрғонтеппа тарҷумаи ҳоли бисёр одамони номдори ҷумҳурӣ оғоз ёфтааст. Солҳои 30-юм онон ба ин туқайзори касногузар, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё