Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ҳаракат монд, ҳама чиз дар интизории гароие карахт гашт. Ин хомӯшии якдама гӯё ишорае буд, ки обасп ва Шангул ба кӯл ҷаҳиданд. Баробари ҷаҳиши аспон оби кӯл дударон шуд, чунон ки харбузаи чарс аз расиши корд дукафон мешавад. Ва он ду асп ҳамвор, бовиқор, чун зулфиқор ба он чокӣ фурӯ рафтанд. Аспон ба он чолокӣ фурӯ рафтанду оби кӯл боз бо ҳам пайваст, чунон ки себи дукафонро бо ҳам пайвандӣ. (198 калима)
Баҳманёр
5
Феълҳои матнро аз ҷиҳати сохт шарҳ диҳед.
ҲАВОИ БУХОРО
Зимистон, зимистони қаҳратун бо ҳамаи сахтиҳо, норасоиҳо ва азобҳояш гузашт. Баҳори нозанин бо ҳама хушиҳо, зебоиҳо ва шодкомиҳояш омада ҳукмрон шуд. Ин аввалин баҳори халқи озодгаштаи Бухоро буд. Баҳори дилафрӯз дар фазои ин мулки қадима парвоз карда, нахустин бор медид, ки деҳқон дар замин озодона меҳнат мекунад, оби ҷӯйбор ҳамаро баробар шодоб мегардонад, дари зиндон бастагӣ ва дар сиёҳҷоҳу хонаҳои пуразоби он бандие нест, Регистон сайлгоҳи мардум гаштааст.
Он сол барф чандон бисёр наборида бошад ҳам, хунукиҳои сахт шуд ва бинобар он то худи расидани баҳор дар ҳар ҷо-ҳар ҷо барфҳои яхбаста чанг зер карда мондаро дидан мумкин буд. Аммо дар баробари расидани баҳор ҳама ҷо аз барф тоза шуд.
Мегӯянд, ки хушбахт аст гадои он мулк, ки шаб борон бораду рӯз офтоб шавад! Он баҳор дар Бухоро ҳамин тавр буд. Гоҳо бегоҳӣ дар ҳаво абрҳои сиёҳи бороний ҷамъ мешуданд, барқ ҳар замон дунёро равшан мекард, осмон гулдуррос мезад ва шатар-шутур чакраҳои калон-калони борон ба болои шаҳр меборид. (165 калима)
Ҷалол Икромӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё