Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Пахта вақте ки аз ҳаллоҷӣ тоза шуда мебарояд, ба новаи тахтагии фарохе, ки ба даруни он тири морпече дар гардиш аст, мерезад. Ин новаи дароз пахтаҳои аз ҳаллоҷиҳо ба дарунаш рехтаро ба воситаи тири морпечи худ кашида, то ба болохонаи дигаре, ки онро таххона ё прессхона меноманд, бурда мерезад.

Аммо пунбадонаи аз пахта ҷудошуда, аз шикофи махсус ба таххона мерезад ва дар ин ҷо даруни ҳаллоҷии дигаре даромада дубора тоза шуда мебарояд. Пас аз он новаи махсусе, ки он ҳам ба даруни худ тири морпеч дорад, ба ҷое, ки барояш муайян кардаанд, рафта мерезад. Пахтаи аз пунбадона ҷудошуда ба наварди калоне печида монандӣ пахтаи ба сабадчӯб сохташуда мешавад. Номи ин пахтаи дуввумбораро «лентир» мегӯянд, ки ба даруни кӯрпа, болишт, ҷома ва ба баъзе саноат сарф мешавад.
Садриддин Айнӣ

Сифатҳои матнро ҷудо карда нависед.

кӯл

Оби кӯл ҷӯш мезад. Мавҷҳои бузург мавҷҳои хурдро хӯрда боз бузургтар мешуданд. Оҳанги дигаре аз ин хӯрахӯр хеста, ба саҳраву шахҳои урёни соҳили чап зада аксандоз мешуд. Ҳар қадаре ки сапедаи осмон зиёдтар мегашту атроф зиндатар, ин овоз баландтар шуда, ғиреви саворонро ҳини бузкашӣ ба хотир меовард. Аз он ки навои кӯл монанди ғиреви саворони бузкаш буд, ба пушти мард араки сард мезахид. Ва аз ҳаяҷон домани ҷомаро чанг мезад. Чунон чанг мезад, ки ангуштонаш аз дард кабуд мегаштанд, чун он рӯзе, ки аз мӯйсафеди садсола, аз пирзоли аз дақёнус монда бори аввал ҳикояти обаспро шунида буд.

Ба ногаҳ оби кӯл ором гирифт. Чунон хомӯшие ба миён омад, ки пеш аз борону барқ дар кӯҳистон ба мушоҳида мерасад. Мардро чунин намуд, ки ин дам ҳама чиз аз

пешина
аз 275
навбатӣ