Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Косааш мурудшакл буда, дастаи дароз дорад, ки онро яхлухт аз чӯби тут месозанд. Дарозии танбӯр 110-130 сантиметр аст. Сарпӯши косаашро одатан аз чӯби чормағз метарошанд. Барои мавҷнок шудани овоз дар сарпӯши косааш чанд сӯрохча мегузоранд. Пардаҳояш 16-19-то буда, бо риштапай (аз рӯдаи ҳайвонот) баста мешаванд. Ғайр аз ин боз чор пардаи ёрирасон дорад, ки дар қисми болоии сарпӯш ба таври иловагӣ аз чӯб часпонда шудаанд ва онҳоро хаспарда меноманд. Торҳои танбӯр фулузии бориканд. Агар ҳангоми навохтан тор ба паси парда каме сахттар зер шавад, садояш аз пардаи асосӣ қариб ним лаҳн баланд мебарояд. Мавриди навохтан дар силсилаи қаторовозҳои хроматикӣ пурра ба кор бурдан мумкин аст. Танбӯр бо ноҳунаки ангуштаринмонанди фулузӣ навохта мешавад.

Маъхазҳои қадимӣ маълумот медиҳанд, ки ба монандӣ танбӯр сози мусиқӣ дар замони суғдиён машҳур будааст. Ба ин кофтуковҳои археологии Афросиёб (Самарканд) шаҳодат медиҳанд. Дар деворҳои он нақшҳое ёфт шуданд, ки дар он сози дутораи мусиқӣ бо дастаи дарози косааш хурди дарунхолӣ тасвир ёфтааст. (181 калима)

Исматуллоҳ Раҳимов

3

Ҷумлаҳоро хонед ва ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ доштани калимаҳои ишорашударо шарҳ диҳед.

ҲАЛЛОҶӢ

Ҳаллоҷӣ, ки ба ибораи дигар ӯро «чин» мегӯянд, иборат аз ду тири ғафси дандорадорест, ки ба ҳам пайваста, рӯиҳам ба воситаи чарҳе гардиш мекунад. Шумо дар болохона дида будед, ки мардикорон пахтаҳоро аз қанорҳо бароварда ба даҳони чуқурие мерехтанд. Инак ҳамон пахтаҳо бо роҳҳои махсус, ба воситаи ҳаракат додани чарҳҳои махсус ба даҳони ҳаллоҷиҳо мерезанд. Вазифаи ҳаллоҷиҳо ҷудо кардани пахта аз пунбадона.

пешина
аз 275
навбатӣ