Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
онӣ будани он тасаввуротро мефаҳмед ва ҳис мекунед: курпаи ғафси барф, ки дар он шаби маҳтобӣ аз дур кабудҷаранг метофт, чун суфи оҳардодашуда аз қуллаи кӯҳҳо сар карда, қариб то домони онҳоро пӯшидааст. Ранге, ки дар он шаб ба чашм менамуд, ҳамин ранги барфи рӯи кӯҳсорон буду бас. Дигар дар доманаи кӯҳҳо ва талу теппаҳо на кабудине, на сабзае наметофт. Дарахтҳои бисёре, ки ороиши қишлоқи Гулистон буданд, ҳоло ба қатори девору хонаву кӯҳҳо тираранг, бебарг буданд. Шаб ҳарчанд ки равшан, мисли рӯз бошад ҳам, дар кӯчаҳои қишлоқ касе наменамуд. Андак шамоли хунук лабу даҳони касро каб-кабуд карда лесида мерафт. (169 калима)
Ҷалол Икроми
9
Исмҳои хос ва ҷинсро аз матн ёбед.
ҲАВЛИИ БОБОСАФАР
Ҳавлии Шодӣ дар канортари қишлоқ воқеъ гашта буд. Ба кӯчаи калоне, ки аз пеши масҷид мегузарад, ба сӯи шимол меравед, аз тарафи дасти ростатон паскӯчаи якум, дуюмро гузашта ба паскӯчаи сеюм медароҷед. Ин паскӯча ҳарчанд борик бошад ҳам, аз як канораш чӯе канда шуда ва дар лаби чӯй дарахтҳои қатор баланд шуда буданд. Дар ду тарафи ин паскӯча ҳавлиҳо, боғҳо қатор шуда рафтаанд. Шумо ба сӯи теппаҳо нигоҳ карда бист сӣ қадам роҳ мегарледу ба пеши як дарвозаи назарногир меистед. Ин ҳавлии Бобосафар падари Шодӣ аст.
Дар байни девори паст рӯи ҳавлии чоргӯша, дар пешгоҳи он ду хона бо миёнаайвон ва дар як сӯ оғил ва коҳдон воқеъ гашта буд. Дар хонае, ки як дари даромад ва як тирезаи пастак дошт, писару падар — Шодӣ ва Бобосафар истиқомат мекарданд. Тартиб ва асбобу анҷоми ин хона ҳам ҳаминро талқин мекард, ки дар ин хона як ҷавони имрӯза ва як пире, ки дар замони дирӯза тарбия ва нашъунамо ёфтааст, зиндагӣ мекунанд. Дар пешгоҳи хона, дар пеши тиреза миз ва як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё