Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

1 Матнро хонед, ба мазмуни он диққат диҳед ва оҳанги ҷумлаҳоро муайян кунед.

ХОНИШИ ПАРАНДА

Дар баъзе ҷоҳо хониши форами чаковакон* гӯшҳоро навозиш медод. Ин мурғаки хуррамсадои беғам ба қадри даҳ-понздаҳ метр баланд парвоз карда мебаромаду дар як ҷой бол афшонда истода нағмасарой мекард. Ин чаҳ-чаҳи форами чаковак дар айёми зимистон аз нағмаи булбули баҳорӣ ҳам форамтар ба гӯш мерасид. Вай осудагӣ, хуррамӣ, шодмониро тараннум мекард. Мегуфт, ки чӣ хуш ин дунёи қадима, ин дунёи зебо, ин дунёи офтобӣ! Хуррам зиндагӣ бошад, осуда ҳаёт бошад, рӯзҳои шодмонӣ бепоён бодо! Ман ҳаётро дӯст медорам, ман офтобро мепарастам, ман осудагӣ ва шодмониро тараннум мекунам!

Зиндаю шодмон бош, эй мурғаки сулҳпарвар,
амониҳоҳ ва дилнишин! Саро, нағма саро, ба васфи дунёи
зебои мо, ба васфи ҳаёти осуда, ба васфи рӯзи офтобӣ ғазал
хон! Бошад, ки дигар садои пурдаҳшати силоҳ туро
натарсонад! Бошад, ки ин дунё мисли ҳамин рӯз ором, осуда
ва бетаҳлука* бошад! (136 калима)

Ҷалол Икромӣ

ЛУҒАТ

чаковак - сӯфитурғай
таҳлука - ҳалокат, азоби сахт

2
Аъзоҳои пайрави ҷумларо муайян кунед.

ТАЪРИХИ БЕШКАНД

Муаллифи китоби «Таърихи Ҳумоюн» сайёҳ Гулшанӣ
навиштааст: «Куллияи нуфус ва саканаи тамоми вилояти

пешина
аз 275
навбатӣ