Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

БАҲОР ДАР БУХОРО

Баҳори Бухоро аз омадани лаклакҳо сар мешавад. Маълум нест, ки ин паррандаҳои хушқомату фарохбол кунгураҳои манораҳои шаҳр ва қуллаҳои дарахтони солхӯрдаю қадбарафроҳтаи ин шаҳрро дар кадом айём маскану ошёни худ интихоб карда бошанд. Аммо маълум аст, ки қариб саду сӣ сол пеш ҳам, дар солҳое, ки воқеаҳои ин китоб ба вуқӯъ меоянд, омадани лаклак яке аз нишонаҳои расидани баҳори Бухоро буд.

Аз гармиҳои аввалини баъди зимистон, аз шукуфтани дарахтони зардолуву шафтолу сар карда, ҷуфтҳои лаклакҳои нукрагуну гарданфароз дар ошёнаҳои ҳарсолаашон пайдо мешуданд. Дар гармиҳои ҳаловатбахши баҳорон бо нармию меҳрубонӣ пару боли ҳамдигарро тоза мекарданд, минқор ба минқор монда ба ҳам изҳори навозишу муҳаббат менамуданд. Рӯзонаҳо аз паси хӯрок ба даштҳои атрофи шаҳр мерафтанд ва боз омада барои ҷӯҷабачаҳои ояндаашон ҷоҳои футуррафтаи кошонаашонро дуруст мекарданд.

Онҳо зери фазои лоҷувардӣ баланд парвоз мекарданду дар зери осмони хомӯш аз ташвишу тараддуди ҳамарӯзаи ин шаҳри куҳансол, аз такудави одамон, аз ғаму андуҳ, аз шодиву хушнудии онҳо бехабар буданд...

Дар шаҳр бошад, рӯзонаҳо зиндагӣ ба як ҷунбиши пуршӯр мегузашт. Ин ташвишу тараддуд ва ҷунбуҷӯли зиндагӣ дар рӯзҳои ҷумъа – рӯзи бозору намози ом боз ҳам зиёдтар, боз ҳам хаставу шалпаркунандатар мешуд. Аз пагоҳ мардум аз гирду атрофи шаҳр ва деҳаву қишлоқҳои Бухоро дар маркази шаҳр ҷамъ меомаданд. Тими бузурги Абдуллохон, токҳои саррофону телпакфурӯшону заргарон, растаҳои баззозӣ ва атториву каннодӣ, дӯкону дӯкончаҳои хурду ба ҳам зичи кӯчаҳои тангу тор чунин анбӯҳи мардумро дар худ чӣ хел ғунҷонида тавонистааст. (231 калима)

Расул Ҳодизода

пешина
аз 275
навбатӣ