Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Кубодиён навад ҳазор хонавор аст». Аз ин қайди сайёҳ бармеояд, ки Бешканди имрӯза дар собиқ на ҳамчун деҳае вуҷуд доштааст, балки дар радифи шаҳр ё шаҳраке будааст. Бинобар ин мо лозим донистем, ки оид ба таърихи ин макон дар асоси сарчашмаҳои дастрасшуда баъзе фикру ақидаамонро изҳор намоем.
Дар таърихи кишваршиносӣ дар сарзамини Мовароуннаҳр шаҳри то андозае машҳуре, ки муаллифони осори фарҳангӣ, таърихию ҷуғрофӣ ба ин ё он муносибате таваккуфе кардаанд, ба унвони Байканд ё Пайканд маълум аст. Аз тасвиру қайдҳои мавҷуда маълум мегардад, ки ин шаҳр мувофиқи ривояте бо кӯшиши Чам, ки бо лақаби Шед, яъне ба маънии «найир» — равшанибахш машҳур буда, дертар исми ӯ бо лақабаш якҷоя талаффуз шуда, ҳамчун Чамшед маълум гардидааст, пойангузорӣ гашта, дар як давра Афросиёб онро ҳатто пойтахти худ интихоб намудааст. (140 калима)
Бахтиёр Муртазоев
3
Услуби матнро муайян кунед.
САЙЁД
Чӯпононӯ дарахтбурон, гиёҳчинонӯ сайёҳон хабар меоварданд, ки рамаи оҳувонро дидаанд, қароргоҳҳояшро аниқ кардаанд. Ба сайёд инро гуфтан ҳоҷат набуд. Вай хуб медонист, ки рамаро чун пайдо кунад, қароргоҳи онҳоро аз куҷо ҷӯяд. Вай танҳо мехост, ки шикори сада ҳарчи дертар фаро расад, то вай худро бо фикре созиш диҳад, ки ин шикори охирини ӯст, пас аз он танҳо хотирот боқӣ хоҳад монд, пас аз он вай нақлҳои аҷибу ғарибро дар бораи дигарон хоҳад шунид. Ҳарчанд нохуш буд, ҳарчанд дарднок буд, вай аз ногузирии* он тан медод. Боз намехост, ки мардум таъхири* шикори садаро ба тарс ҳамл* кунанд. Як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё