Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

рӯз вай ба чашм дурбин монда, дараву кӯҳҳои атрофро тамошокунон аён дид, ки рӯзҳои наздик ба шикори охирин хоҳад баромад, ҳарчанд пешомади он рӯи дилаш ягон равшанӣ намеафканд, ҳарчанд ягон тори дилаш ба хубие гувоҳӣ намедиҳад... (134 калима)

Баҳманёр

ЛУҒАТ

ногузир – ҳатмӣ

таъхир – дер мондан, дер кардан

ҳамл кардан – нисбат додан

4 Шарҳ диҳед, кадоме аз ин ҷумлаҳо содаанду кадомашон мураккаб.

МАШАҚҚАТИ МОДАГУРГ

Баъд... рафта-рафта пойи тирхӯрдааш аз итоат баромад. Мазмун, ҷароҳаташ хунук шуда буд. Модагург, ки акнун арҷазорро қафо партофта, ба як ёлаи сербутта дохил мегардид, таккӣ истод. Ва дар атрофи худ гирд гашта, муддате ҳаворо бӯй кашид. Саропо меларзид вай. Сони чапаш чиз-чиз месӯхт. Дар ҳолате ки аз душманини милтикбадасташ ҳамчунин хавф мебурд ва ҷонвар гарданашро ба қафо тоб дода, захмашро як-ду дақиқа лесид. Бо вуҷуди ин хун, ришта барин бошад ҳам, сонашро то банди пой тар карда, беист метаровад.

Модагург захмашро боз лесид; лесиду лесид. Ва пас гӯё девона шуда, худро ба буттазор андохт. Лекин ҷароҳаташ сахт ба дард омада, ҳамоно истоду мингос зад. Даҳонашро калон кушода, як нафаси чуқур гирифт. Аз чашмони пӯшидааш ашк мерехт. Шикамаш гурусна буд, ба он гӯё нештар мехалид. Бачаҳои бепадармондааш ҳам гурусна... (131 калима)

Саттор Турсун

пешина
аз 275
навбатӣ