Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
буқагови масти шоҳзан, ки барои тӯй фарбеҳ мекарданд, дар ҷояш набуд.
Қиёфаи одамон ҷиддӣ ва ғамолуд метофт. Дар ҳавлӣ кӯдаке наменамуд. Ҳайрон шудам, чаро бачаҳо нестанд, барои чӣ касе ҷомаи навамро муракбод намекунад. Ман дуртар аз самовор назди марде истодам, ки борҳо ҳамроҳи падарам омада, маро болои сар мебардошту «ҳа шери акаш, бачаи калон шудаӣ!» — гӯён аз кисааш қанди коғазпеч бароварда медод. Ва ҳоло мард гӯё маро намешинохт. Ба таги самовори калон бо сари хам ҳезум мепартофту чашмони нимкофашро аз забонаи оташу дарун-дарун сӯхтани лаҳчаҳо намеканд. (198 калима)
Бароти Абдураҳмон
30
Матнро бодиққат хонед ва гӯед, ки он ба кадом услуб тааллуқ дорад.
ИФТИХОР АЗ ИСТИҚЛОЛ
Ҳар кишвари дунё дорои шаҳрҳои хурду калон буда, аз байни онҳо шаҳре бо бузургиву мавқеи мувофиқи худ чун пойтахт пазируфта мешавад. Шаҳри Душанбе барои кишваре бо номи Тоҷикистон, ба мамлакате, ки аз таърихи бой баҳраманд аст, пойтахт интихоб шудааст. Тоҷикистон табиати нотакрор ва дилрабо дорад. Кӯҳҳои сарбафалак, чашмаҳои мусаффо, манзараҳои дилфиреби табиаташ дили бинандаро ба ваҷд оварда, мафтуни хеш месозанд. Дарёҳои хурӯшонаш илҳомбахши шоирон ва хиромидани кабку навои булбулонаш иброзгари рози дили ошиқон мебошад. Қалби мардумаш саршор аз меҳру муҳаббат ва меҳмоннавозрист. Тоҷикон аз қадим то имрӯз фарҳанг, маданият, таърихи бою рангинеро дар худ нигоҳ доштаанд. Имрӯз онҳо метавонанд бо дастовардҳои худ ифтихор намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё