Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан
  • Эй бародар, кист, ки аз Рустам натарсад, тарсидаву ларзида гаштаам. Агар аз ягон тараф пайдо шавад, мегурезам!

Рустам дуртар аз дев ба каноре меравад ва худ ба худ мегӯяд: «Ҳамин девро як имтиҳон кунам». Ба қафо, ба тарафи дев асп меронад. Дев мебинад, одами навина ҷангу тӯпаланг карда, аспдавон меояд, сари роҳ баромада мепурсад:

  • Эй одамӣ, чаро мегурезӣ?

Рустам гуфт:

  • Ту ҳам гурез, ки Рустам омад!

Дев чунон ба гурехтан даромад, ки ҳар як қадамаш се санг роҳ буд. Ба як фосила аз назар ғоиб шуд.

Рустам хандид ва худ ба худ гуфт: «Акнун донистам, дар воқеъ овозаи Рустам беҳ аз Рустам будааст». (188 калима)

Аз «Қиссаҳои ноб дар ҳар боб»

29

Фелҳоро нависед, асосу пешванд ва пасвандҳоро бо аломат ишора кунед.

ТАРАДДУД

Ҳавлӣ пури одам буд. Яке об меовард, дигаре ҳезум мекафонд, сеюмӣ дар таги дегҳо алав мемонд. Ман бисёри онҳоро намешинохтам ва ҳамин ки аз хоб бедор шуда, одами зиёдеро дар рӯи ҳавлӣ дидам, пиндоштам, ки тӯй сар шудааст. Аз сандук ҷомаи нави беқасабро, ки очаам ба нияти тӯй дӯхта буд, гирифта пӯшидам. Аммо тоқию рӯмоли миёнамро наёфтам. Ҷомаи беқасаб бар тан, миёни одамон палмида, дар ҳама ҷо очаамро мекофтам: ҳам дар рӯи ҳавлӣ, ҳам дар нонхона, ҳам дар оғил, ҳам дар лаби чашма. Мехостам тоқию рӯймоли навамро бипӯшаму бо либоси шоҳона пеши ҷӯраҳоям биравам.

Модарам наметофт. Гову гӯсола ҳам дар оғил буд. Бузу гӯсфандони дар ҳел монда шикваомез маос мезаданд. Танҳо

пешина
аз 275
навбатӣ